Боздиди Сафири Фаронса дар Тоҷикистон аз Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон
Имрӯз Сафири Ҷумҳурии Фаронса дар Тоҷикистон хонум Элза Пинёл, бо сафари корӣ ба Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ташриф овард. Ректори донишгоҳ Шероз Мӯминзода ҳамроҳи муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Ризозода Тӯра, мушовири ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Абдураҳим Ҷӯраев, сардори раёсати ҳамкориҳои стратегӣ ва байналмилалӣ Комилҷон Шарипов, директори Маркази таҳлили масъалаҳои сиёсӣ, ҳамгироӣ ва дипломатия Мунира Акмалова, хонум Элза Пинёл ва Директори маркази фарҳангии Фаронса дар вилояти Суғд Муқим Темировро ҳамроҳи гурӯҳи корӣ бо самимият пешвоз гирифта, бо дастовардҳо, инфрасохтор ва имкониятҳои таълимиву илмии донишгоҳ ошно намуд.
Дар рафти мулоқот роҳбари донишгоҳ муҳимтарин самтҳои ҳамкории ҷонибҳоро қайд карда, зикр намуд, ки дар чор соли охир донишгоҳ бо Алянс Франсэзи Хуҷанд робитаҳои фаъоли илмӣ ва фарҳангӣ ба роҳ мондааст. Барномаҳои муштараки омӯзишӣ, курсҳои забони фаронсавӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ ба тавсеаи муҳити омӯзиши забон мусоидат намуда, ба донишҷӯён имконият доданд, ки бештар ба фазои забони фаронсавӣ ҷалб шаванд.
Бо дастгирии бевоситаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Сафорати Фаронса дар донишгоҳ Маркази таҳлили масъалаҳои сиёсӣ, ҳамгироӣ ва дипломатия таъсис дода шуд, ки имрӯз ҳамчун яке аз муҳимтарин майдонҳои тайёр кардани мутахассисони ҷавони бахши муносибатҳои байналмилалӣ фаъолият мекунад. Дар доираи ҳамин ҳамкорӣ лоиҳаи муҳими «Фаронсавӣ — забони дипломатия ва рушди устувор» ҷараён дорад, ки ба баланд бардоштани савияи ҷаҳонбинӣ ва забондонии донишҷӯён равона шудааст.
Зимни боздид хонум Элза Пинёл бо роҳбарияти донишгоҳ мулоқот анҷом дода, дар заминаи факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ синфхонаи нави таълими забони фаронсавиро ифтитоҳ кард. Синфхона ба талаботи муосири таълимӣ мутобиқ буда, барои баланд бардоштани сифати дарсҳои забони фаронсавӣ заминаи нав фароҳам меорад.
Ректор Муминзода Ш.А. дар мулоқот аз нақшаҳои ояндаи донишгоҳ иттилоъ дода, изҳор намуд, ки аз соли таҳсили оянда ихтисоси нав — «Омӯзгори забонҳои англисӣ ва фаронсавӣ» — кушода мешавад, ки ҷавоб ба талаботи бозори меҳнат ва эҳтиёҷи кадрҳои касбӣ мебошад. Ҳамзамон донишгоҳ лоиҳаи ҷадиде таҳия дорад, ки ба дастгирии духтарони деҳот равона шуда, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, рушди малакаҳои технологӣ ва омӯзиши асосҳои психологияро дар бар мегирад.
Дар интиҳои мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои густариши ҳамкорӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва ҷустуҷӯи роҳҳои нави ҳамкории созанда изҳор карданд.
Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба таваҷҷуҳ ва дастгирии Сафорати Ҷумҳурии Фаронса миннатдорӣ баён карда, омодагии худро барои идомаи ҳамкориҳои судманд таъкид намуд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа














