Фазои идона омӯзгоронро рӯҳбаланд кард
Субҳи имрӯз саҳни даромадгоҳи бинои асосии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон қабои идона дошт. Донишҷӯёни факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ аз субҳи барвақт бо риояи масофаи иҷтимоӣ ва дигар талаботи беҳдоштӣ дар даст бо Парчамҳои миллӣ кормандон ва устодони донишгоҳро бо руҳияи баланди идона пешвоз гирифтанд. Ин чорабинӣ ба истиқболи Рӯзи омӯзгор роҳандозӣ гардид ва он нишонаи эҳтирому арҷгузорӣ ба меҳнату заҳматӣ насли фардосоз-омӯзгор мебошад.
Таҷлили ҳамасолаи Рӯзи омӯзгор далели эҳтироми баланди давлат ва мардуми Тоҷикистон ба илму маориф ва донишу маърифат буда, анъанаи некест, ки омӯзгорону устодон ва шогирдони муассисаҳои ҳамаи зинаҳои таҳсилоти мамлакатро ба сӯи дастоварду комёбиҳои нав раҳнамоиву дилгарм месозад.
Боиси сарфарозии ҳар як сокини кишвар аст, ки яке аз самтҳои асосӣ ва афзалиятноки сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушду нумӯи соҳаи маориф нигаронида шудааст.
Чун анъана заҳмати масъулиятноку самарабахши омӯзгорону муаллимон аз ҷониби давлату ҳукумат ба таври лозима қадрдонӣ мешавад.
Кормандону устодони донишгоҳ барои эҳтирому қадрдонӣ ба донишҷӯён изҳори миннатдорӣ баён карданд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола якшанбеи аввали моҳи октябр дар мамлакат Рӯзи омӯзгор таҷлил мешавад.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа





