«Мактуби таҳқиру нафрат чун шеваи деринаи наҳзат!»
Аз азал мардуми сарбаланди тоҷик башардӯсту фидокор ва меҳанпарасту ватандӯст буд ва ин оини нек то ба имрӯз ба мо мерос мондааст. Шукронаи Истиқлолияти давлатӣ ва осмони софу беғубори Тоҷикистони азиз, ки тамоми мардуми шарифи он дар атрофи Пешвои муаззами хеш сарҷамъ омада, баҳри пойдор намудани сулҳу субот, ва тинҷиву оромии кишвар талоши беш аз пештара намуда истодаанд.
Мутаассифона имрўзҳо ҳастанд нафарони алоҳида, гурўҳҳои алоҳида, ки бо ҳар роҳу восита даст ба ифротгароиву тезутунд намудани осмони ороми мо мезананд. Аслан, терроризм ва экстремизм амалҳои номатлуб ва хиёнаткоронае мебошанд, ки дар тӯли таърихи инсоният дар паҳлуҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ фаъолияти ғаразнокии худро пиёда сохта, бо иҷрои супоришоти фармоишгарони сиёсӣ ва гурӯҳҳои алоҳида ба тарсонидан ва куштори чеҳраҳои намоёни замони хеш равона карда шудааст. Дар замони муосир он хусусияти гурӯҳиро ба худ касб намуди ин қабили амалҳо асосан тавассути зӯроварии гурӯҳҳо ва ҳизбҳои манфиатҷӯ муқобили давлату миллатҳо – ҳамчун субъекти сиёсӣ, баромад намуда, аз дигар тараф, хатари таҳдиду зӯроварии худро нисбати аҳолии осоиштаи кишварҳо ба амал мебароранд. Терроризм ва экстремизми муосир бо худ хислати оммавиро соҳиб гашта, дар он мутаассифона на танҳо гурӯҳҳои сиёсӣ, балки иттиҳодияҳои миллӣ ва динӣ, ки дар асоси манфиатҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ташкил шудаанд, низ ҷалб карда шуда истодаанд, зеро терроризм имрӯз чун силоҳи асосии расидан ба манфиатҳои сиёсӣ ва иқтисодии онҳо мубаддал гашта, террорист ва экстремист ҳамчун ашхоси иҷрокунанда ва воситаи расид.
Дар Тоҷикистони муосир, яке аз манбаҳои асосие, ки боиси паҳн гардидани ин омилҳо гардид – ин ҳизби мамнуи наҳзат маҳсуб меёбад. Чандин маротиба таъкид доштем ва имрўз низ мегўем, ки Тоҷикистон ягона давлате буд, ки расман фаъолияти ин ҳизбро иҷозат дода буд, аммо чӣ натиҷае мо гирифтем ҳоҷати баён нест.
Боиси тассуф аст, ки бо ҳар роҳу восита намояндагони он (албатта на ҳамаи онҳо чи хеле, ки Абдулло Раҳнамо иброз дорад) мехоҳанд авзои ороми сиёсии Тоҷикистонро халалдор созанд. Аммо як ҳолатро бояд ба инобат гирифт, ки тамоми кўшиш ва ғайрати ин ифротиён – ягона аст, ин ҳам бошад иғвоандозӣ ва ноором сохтани ҷомеаи имрўза аст. Ҷонибдори андешаи А.Раҳнамо ҳастем ва илова менамоем, ки агар онҳо дар ҳақиқат як қувваи сиёсӣ бошанд, оппозитсияи сиёсӣ бошанд, даъвоҳои калони ислоҳи ҷомеа ва сиёсату қудрат дошта бошанд ва ё фарҳанги оддитарини сиёсӣ дошта бошанд, пас бояд баҳри ободии ватани маҳбубамон саҳмгузор бошанд. Мардуми оқил, сиёсатмадори оқил ҳеҷ гох аз паноҳӣ роҳи ислоҳи ин ё он сиёсатро намехоҳад.
Ва ё ин, ки ташкилоти сунъии ба ном «Паймони миллии Тоҷикистон» ба хотири пешбурди манфиати чанд тан фурўхташудагони ифротӣ дар амал аст, ки номи дини мубини исломро паст зада даъвоҳои беасос пеша менамояд.
Дар ҳамин асос бо шукргузорӣ аз пешрафти Тоҷикистони азизамон илова менамоем, ки мо намегузорем фазои кишвари мо аз оромӣ маҳрум гардад, хавояш беғубор бошад ва бо истифода аз зиракии сиесӣ омода ҳастем баҳри амнияти давлатамон ҷон фидо намоем.
Санавваров Ғ.Б. – н.и.ҳ., дотсент, мудири
кафедраи ҳуқуқи гражданӣ ва меҳнатӣ ДДҲБСТ