Интихобот – омили фаъолгардии шаҳрвандон

Ҳар як низоми сиёсӣ ба худ хос меъёрҳои муайянро соҳиб мебошад. Аз он ҷумла, низоми сиёсии демократӣ принсипҳо ва аломатҳоеро соҳиб аст, ки он хоси низоми мазкур мебошад. Яке аз чунин меъёрҳо дар ҷомеаҳои демократӣ ин баргузории интихоботҳои шаффоф ба ҳисоб меравад. Интихобот яке аз маъракаҳои ҳаётан муҳими сиёсӣ дар ҷомеаҳои демократӣ ба ҳисоб рафта, он имконият фароҳам меоварад, ки қишрҳои гуногуни ҷомеа бевосита ба сиёсат кашида шуда, иштироки онҳоро дар ҳаёти сиёсӣ ба амал мебарорад. Инчунин шаҳрвандон дар ҷомеаи демократӣ имконият пайдо мекунанд, ки тавассути интихоботи сиёсӣ бо интихоби намояндагони худ дар пешбурди фаъолияти сиёсии давлат саҳми худро гузоранд. Яъне, мардум тавассути интихобот шахсиятҳои арзанда ва мувофиқро пайдо намуда, онҳоро ҳамчун роҳбар ва ҳимоягари манфиатҳои хеш интихоб менамоянд.

Таҷрибаҳои сиёсии давлатҳои пешрафтаи демократӣ собит месозанд, ки дар раванди баргузории интихоботи сиёсӣ иштироки шаҳрвандон дар ҳаёти сиёсии кишвар боз ҳам фаъолтару бештар мегардад. Интихобот қисми таркибии раванди сиёсӣ мебошад. Ҳангоми гузаронидани интихоботи сиёсӣ шаҳрвандони мамлакат дар ҳаёти сиёсии ҷомеа фаъолона иштирок намуда, бо ин васила ба сиёсат дохил мешаванд ва аз ҳуқуқҳои сиёсии хеш истифода мебаранд.

Тоҷикистон дар баробари дигар кишварҳои пасошӯравӣ низоми сиёсии демократиро интихоб намуда, бунёди ҷомеаи шаҳрвандиро  ҳадафи худ қарор додааст. Тӯли бисту нуҳ сол мешавад, ки кишвари мо ба монеаҳои гуногун нигоҳ накарда дар ин роҳ устуворона қадам мегузорад. Дар ин муддат интихобот барои мардуми Тоҷикистон имкониятҳоеро ба вуҷуд овард, ки тавонад дар ташаккули ҳокимият аз он истифода барад. Ҳоло дар кишвар Президент ва Маҷлиси Олӣ дар сатҳи миллӣ интихоб мешаванд. Президенти Тоҷикистон ба мӯҳлати ҳафт сол аз тарафи халқ интихоб мегардад ва дар асоси ҳуқуқи интихоботии умумӣ, баробар, мутақим ва бо овоздиҳии пинҳонӣ интихоб карда мешавад. Шаҳрвандон кишвар бошанд қатъи назар аз мансубият ба нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсилот ва дороии молумулк ҳуқуқи интихоб карданро доранд. Ин маънои онро дорад, ки шахс дар ин маъаркаи сиёсӣ озодона иштирок намуда, номзади ба худ писанд ва арзандаро интихоб намояд.

Интихоботҳои солҳои қаблӣ собит сохтанд, ки то ба андозае шаҳрвандон аз ҳаёти сиёсӣ бохабар гардида, майлу рағбаташон ба сиёсат афзун мегардад. Воқеан интихобот маъракае мебошад, ки аз шаҳрвандон, махсусан сатҳи маданияту шуурнокӣ ва ҳисси ватандӯстиву  хештаншиносии онҳо вобастагии зиёд дорад. Бесабаб демократияро ҳокимияти халқ намегӯянд. Маҳз дар интихобот шаҳрвандон намояндаи худро интихоб намуда, дар раванди идоракунии давлат иштирок менамоянд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш намуда истодааст, ки маъракаи интихобот дар сатҳи демократӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир баргузор гардад. Аз ҷумла Пешвои миллат дар Паёми охирини  хеш оид ба баргузории интихобот чунин қайд намуданд: «Мо чун ҳамеша ҷонибдори ба таври шаффоф ва ошкор баргузор шудани маъракаи интихобот ҳастем ва ошкор баргузор шудани маъракаи интихобот ҳастем ва ман ҳамчун ҳомии Конститутсия, қонунҳо ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони мамлакат бо масулияти баланд ва эътимоди комил кафолат медиҳам, ки интихоботи дарпешистода ба таври демократӣ ва озоду одилона баргузор хоҳад шуд».

Ҳоло Тоҷикистон дар арафаи интихоботи навбатӣ ба мансаби олии мамлакат қарор дорад, ки низоми сиёсии демократии кишвар  на танҳо ба шаҳрвандон ҳукуқи  иштирокро додааст, балки ҳар шаҳрванд ҳақ дорад номзади арзандаро интихоб намояд. Зеро, пешрафти ояндаи давлат аз шахсияти Президент вобастагии калон дорад. Дар чунин шароит набояд ба фиреби сиёсии неруҳои бадхоҳе ки берун аз кишвар бар муқобили давлату ҳукумат бадгӯӣ мекунанд, дода шавем. Имрӯз Тоҷикистон ба ҷавонони ватандӯсту созанда ва ободкор ниёз дорад. Дар чунин марҳилаи ҳассоси таърихӣ танҳо бо дӯстиву муттаҳидӣ метавонем истиқлолиятро ҳифз намуда, обрӯву эътибори ватанамонро боз ҳам дар арсаи байнахалқӣ баланд бардорем.

Шӯҳрат Саидзода – н.и.с., дотсент,

мудири кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ

You might also like