Мақолаҳои муғризонаи “Ислоҳ.нет”
Дар чунин шароити тинҷу ором, фазои озоди илму эҷод, муҳити созанду бунёдкор баъзе афроде пайдо мегардад, ки инсонро маҷбур месозад аз рўи қарзи шаҳрвандӣ ба онҳо ҷавоб гардонем.
Аз ҷониби Исломиддин Садиров мақолае бо номи «Боз як “интихобот”-и дигар (гуфтугӯ бо “Пешвои миллат”), дар сомонаи ифротии “Ислоҳ.нет” нашр шудааст, ки мазмуни он хонандаро ба ҳайрат мегузорад, зеро навиштаҷоти он ба асли воқеият мувофиқат намекунад.
Дар мақолаи худ муаллиф навиштааст, ки “Хоҳед нахоҳед Эмомалӣ Раҳмон бо нақзи ҳама қонунҳои милливу байналмилалӣ боз президенти мо мешавад!”. Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд маротиба интихоботҳои президентӣ, интихоботҳои намояндагони мардумӣ гузаронида шуд, ки дар ҷараёни ташкил ва баргузории онҳо намояндагони миллӣ ва байналмилалӣ иштирок менамоянд. Баъд аз гузаштани интихоботҳо нозирони байналмилалӣ ба ҷараёни интихобот ва натиҷаи он баҳои баланд медиҳанд, ки шаҳодат аз қонунӣ будан на аз нақзи қонунҳо будани интихоботҳои кишвар медиҳад.
Исломиддин Садиров савол гузоштааст, ки чи қадар ҷойи корӣ сохтӣ ва чи қадар тоҷикистониро аз муҳоҷират халос кардӣ.
Чунин саволгузорӣ намудани муаллифи мақола ба доираи ақли инсонӣ рост намеояд, имрўз дар ҳар гўшаву канори кишвар корхонаҳои хурду бузург сохта ба истифода дода шудаанд. Масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ натанҳо муаммои Ҷумҳурии Тоҷикистон балки тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин масъала рў ба рў гардидааст. Имрўз ҳар фарди қувваи ҷисмонӣ дошта агар меҳнат намояд дар дохили ҷумҳурӣ зиндагиашро ба пеш мебарад барои ин дар кишвар тамоми шароиту имконият ҳаст.
Аз мазмуни мақолаи Исломиддин Садиров бўи маҳалгароӣ меояд, ки имрўз мардумро ба деҳотиву шаҳрӣ ҷудо менамояд ва байни мардум нофаҳмӣ ва низоро ба вуҷуд меорад. Чунин ақидаҳои маҳалгароӣ ва дида натавонистани пешравии давлат Тоҷикистони азизро дигар шахсони ба муаллиф ҳамфикр ба чунин гирдоби ҷанг гирифтор намуданд ва дар арафаи интихоботи дар пешистода мехоҳанд бо чунин мақолаҳои беасосу ба ҳақиқат номувофиқ мардумро ба гумроҳӣ баранд.
Майдони сиёсат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон озод аст ва тибқи Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда ҳар шахси ба синну соли муқаррар кардаи қонун расида ҳуқуқи интихоб кардан ва интихоб шуданро доранд. Аз ин нуқтаи назар ҳар нафари ба талаботи қонун ҷавобгў метавонад номзадии худро ба мансаби президент пешниҳод намояд.
Дар мақолаи худ муаллиф Ҳукумати имрўзаи Тоҷикистонро ҳукумати калашниковӣ номидааст, ки комилан хато мебошад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳукумати мардумӣ, созанда, бунёдкор мебошад. Ҳукумат калашниковро ба муқобили шумо хоинони давлат, зархаридон ва ба шумо монанд нафароне, ки тинҷиву оромии давлатро намехоста истифода менамояд.
Агар имрўз давлат ва ҳукумат нисбати шумо бадхоҳон зўриро истифода набарад, имрўз Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба майдони ҷангзор табдил медиҳед.
Халқи Тоҷикистон номзади арзандаи худро медонад ва дар рўзи интихобот Президенти худро интихоб менамояд. Бо чунин мақолаҳои пучу беасос, иѓвоангезу маҳалгароӣ шумо ҳеҷ гоҳ ба мақсади нопоки худ намерасед.
Халқи Тоҷикистон бо ақли солими худ дар чунин шароити муташанниҷу пуртаззод ҳеҷ гоҳ ба хатогӣ роҳ нахоҳад дод.
Қобилов Б.Қ. н.и.ҳ., сармуаллими кафедраи
ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика
ва пешгирии коррупсияи ДДҲБСТ