Кабирӣ бо ҳаммаслаконаш дар арафаи интихобот бештар «фаъол» мешаванд
Солҳои охир як раванди омавигардонидани сиёсатро мушоҳида намудан мумкин аст. Чунин раванди омавигардидани сиёсат ба фикри банда алоқаманд аст ба имкониятҳои нави технологӣ алалхусус телефонҳои мобилии замонавӣ ва имконияти озодона дар сомонаҳои иҷтимоӣ даромадан ва тариқи онҳо паҳну пахш намудани иттилоотҳои росту дурўғ мебошад.
Шабакаҳои иҷтимоӣ имрўз ба як майдони калони сиёсӣ табдил ёфта, дилхо инсон дар он метавонад, ки на бо номҳои худ балки бо номҳои бофта ва суроғаҳои бардурўғ ҳар чизе, ки мехоҳанд нависад ва чоп намоянд. Ин қабил шахсон чунин мешуморанд, ки бо ивази ном ва суроғаи бардурўғ ҳеҷ кас шахсияти онҳоро муайян карда наметавонад. Аз ин лиҳоз ба ҳар як масъалаи дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдошуда ба хусус сиёсӣ ё динӣ бе доштани саводи кофӣ дар ин ҷодаҳо андешаҳои худро байён менамоянд. Ҳол онки дин ва сиёсат яке аз чизҳои муракабтарин ва нозуктарин (ҳасосноктарин) ба ҳисоб меравад. Бинобар ин надоштани дониши кофӣ вале худро вонамуд кардани донишманди соҳаи дин ва ё сиёсат метавонад ба оқибатҳои фалокартовар анҷомад. Таърих гувоҳ аст, ки дар тули қарнҳо бинобар сабаби нодуруст ба роҳ мондани сиёсати давлатӣ ва ҷангҳои калони динию мазҳабӣ, ки то ба имрўз давом доранд ва яке аз сабабҳои ҷангу низоъҳо дар кишварҳои Шарқи Наздик ва Африқо боис гаштаанд гуфтан мумкин аст.
Имрўз низ бинобар сабабҳои нодуруст ба роҳ мондани сиёсати давлатӣ ва динро ба сиёсат омехта кардани бархе аз шахсон барои ба даст овардани ҳукумат боиси сарзадани ҷангу низоъҳои дохидлидавлатӣ ва баъдан табдил ёфтани онҳо ба байналхалқиро мушоҳида намудан мумкин аст. Дар ин ҷода мо метавонем ҳодисаҳои рухдодаи Афғонистон, Ироқ, Сирия, Ливия, Миср, Сомалӣ, Эфиопия, Яман, Украина, Грузия, Югаславия, «инқилобҳои ранга», Белоруссия ва инчунин кишвари азизамонро дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ёдовар шавем. Ин як қисми кишварҳои дар боло зикр гардида замоне онҳо давлатҳои ободу рушдкарда, боамну субот буданд. Вале ҳамаи ин ҳодисаҳо метавонист, ки рух надиҳад агар дар ин кишварҳо ҷудоиандозӣ миёни аҳолӣ намешуд. Ҷудоиандозӣ пез аз ҳама аз ҷониби бархе ва ё гурўҳе аз шаҳрвандон, ки немехоҳанд ва ё наметавонанд бо роҳи қонунӣ ҳукуматро ба даст оваранд, аз ин лиҳоз даст ба чунин тазоҳуротҳо, низоъ ва ҷанг мезананд.
Барои мисол охирон ҳодисаҳои дар кишвари Белоруссия рухдодаро метавонем хамчун мисол дида бароем. Баъди онки президенти ин мамлакат С. Лукашенко бо гирифтани овози бештар ғолибиятро ба даст овард, рақиби сиёсии Ў бо вуҷуди гирифтани овози кам мардумро ба тазоҳурот даъват намуд, ки вазъияти ин кишвар дар як лаҳза ба вазъияти низоъагез табдил ёфт. Ҷонибдорон аз ду тараф ба кўчаҳо баромадан, ки ин яке аз вазъиятҳои хатарнок ба ҳисоб меравад, зеро ҷониби сеюм метавонад, ки миёни ин ду гурўҳи ҷамшудагон ҷангро (бо куштани ҷонибдори як тараф ва ба он айбдор намудани ҷониби дигар) оғоз намояд. Зеро чунин ҳодисаҳо дар баъзе кишварҳо алакай рухдодаанд. Бо вуҷуди ин мо мебинем, ки рақиби тозаинтихобшуда ҳоло ҳам мардумро ба тазаҳурот, ки худ ҷудоиандозист, даъват намудаистодааст.
Мутасифона дар кишвари мо низ чунин шахсон ба монанди Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш, ки дар хориҷи кишвар қарор доранд, худро «сиёсатмадор» ва динро ҳамчун василаи амали намудани нақшаю ниятҳои ғаразонаи худ истифода намуда истодаанд, мавҷуд аст. Алалхусус Кабирӣ бо ҳаммаслаконаш дар арафаи интихоботҳо бештар «фаъол» мешаванд.
Ба ҳама маълум аст, ки моҳи октябри соли равон интихоботи президентӣ дар кишвари мо оғоз мегардад. Аз ин лиҳоз «сиёсатмадор»- и дар хориҷи кишвар қарордошта М. Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш мехоҳанд, ки худашонро нишон диҳанд ва маблағи барои онҳо сарфнамударо соф намуда, барои солҳои оянда сармоягузорони навро ёбанд. Зеро онҳо хуб медонанд, ки дар интихоботи дар пешистода ғалаба ба даст намеоранд, вале барои дар хориҷи кишвар то интихоботи дигар зисту зиндагони карданашон маблағ ва ё сармоягузор даркор аст. Чунки баъд аз интихобот бештари сармоягузорони хориҷии М. Кабирӣ аз вай рў мегардонанд. Яъне зарурати дигар ба чунин «сиёсатмадор» нест. Инро худи М. Кабирӣ хуб дарк намуда, худро ҳамчун «сиёсатмадори» ояндадор мехоҳад нишон диҳад. Лекин ягон натиҷа намедиҳад, зеро мардуми тоҷик кӣ будани М. Кабирӣ ва ҳаммаслаконашро хуб медонад.
Аз ҳамин лиҳоз ҳеҷ зарурати ба мардуми тоҷик фаҳмондани сиёсат ва худро ҳамчун «сиёсатмадор» нишон додан даркор нест.
Давлатов У. Н. – ассистенти кафедраи
муносибатҳои байналхалқии ДДҲБСТ