Мавқеи занон дар маъракаҳои муҳими сиёсӣ

“Зан ва интихобот” таҳти ин унвон дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мулоқот баргузор гардид. Вохӯрӣ ба муносибати маъракаи муҳими сиёсӣ – интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷихати фахмонидани мохияти интихоботи Президенти Чумхурии Точикистон ва бо мақсади баланд бардоштани эхсоси худшиносию худогохӣ байни занону духтарон ва боло бурдани нақши онҳо дар ҳаёти ҷамъятӣ  роҳандозӣ гардид.

Дар мулоқот мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи шахри Хучанд Муяссара Каҳорӣ, раиси кор бо занони  КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Мадинахон Салимзода ва устодону донишҷӯдухтарони донишгоҳ ширкат намуданд.

Зимни баргузории мулоқот иброз шуд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дастгирии занону духтарон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа тадбирҳои судмандро амалӣ гардонид ва ин иқдом идома дорад. Истиқлолиятӣ давлатӣ ҷиҳати таъмини мавқеи  устувори занон дар ҷомеа имкониятҳоро фароҳам овард ва занони қавииродаи моро ба арсаи сиёсат ворид намуд.

Дар идома қайд гарид, ки дар идоракунии корҳои давлатӣ  низ тайи солҳои охир шумораи занон бештар гардидааст. Аз ин рӯ моро зарур аст дар амалигардии ҳадафҳои ҳукумату давлат бетараф набуда, дар маъракаҳои миуҳими сиёсии давлатӣ фаъолона ширкат варзем.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like