Бемории Ковид-19 ва пешгирии он

Яке аз муаммоҳои мудҳиши замони имрӯза ин хурӯҷ ва паҳншавии вабои аср COVID -19 мебошад.

Бо мақсади пешгирӣ аз ин беморӣ бо ташаббуси кафедраи кори бонкии донишгоҳ чорабинии тарбиявӣ таҳти унвони “Вабои асри ХХI ва пешгирии он” баргузор гардид.

Дар чорабинӣ як гуруҳ мутахассисон аз марказҳои тиббиву тарзи ҳаёти солим ширкат варзида, ба иштирокчиён бобати роҳҳои пешгирӣ ва риояи ҳатмии талаботи беҳдоштӣ маърӯзаҳо ироа карданд.

Қайд гардид, ки кишвари мо аз рӯзҳои аввали гирифтори ба ин беморӣ, аз ҷониби Ҳукумати кишвар чораҳои безараргардонӣ ҷиҳати пешгирӣ ва табобат ба роҳ монда шуд. Инчунин зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чораҳои муассир барои пешгирии он андешида шуданд, то ки таъсири он ба ҳаёт ва иқтисодиёти кишвар камтар эҳсос гардад.

Дар идома мутахассисон аз тамоми иштирокчиён талаб намуданд, ки қоидаҳои пешгирӣ аз бемории  Коронавирусро риоя намоянд. Нисбати ин беморӣ хунукназарӣ насозанд, зеро солимии ҳар як фард ин солимии ҷомеа мебошад.

Дар чунин шароит мо бояд мамуттаҳид гардида, барои пешгирии ин вабои аср  мубориза барем, илова гардид дар идомаи чорабинӣ. Ҳамчунин ба донишҷӯён тавсия дода шуд, худашон тамоми талаботу меъёрҳои беҳдоштиро риоя намоянд ва ба дигарон тавсия диҳанд.

Чорабинӣ бо суолу ҷавоб ва пешниҳодҳо ба интиҳо расид.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

You might also like