Баргузории чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи Рудакӣ

Таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол самари сиёсати ватандӯстона ва фарҳангпарваронаи Пешвои миллатамон Эмомалӣ Раҳмон аст, ки бо ҳадафҳои худшиносии миллӣ, шинохти ҳувияти миллӣ, рӯ овардан ба асолати маънавии худ пайгирӣ карда мешавад. Ва ин беҳуда нест, зеро номи дурахшони Рӯдакӣ, шеъри оламшумули ӯ воқеан ҳуҷҷати ифтихори миллии на танҳо мо, тоҷикон, балки ҳама форсизабонони дунёст.
Ҳамасола санаи 22 сентябр дар мамлакат Рӯзи Рудакӣ тачлил карда мешавад. Ба ин муносибат имрӯз дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон чорабинӣ баргузор гардид. Аслам Каримов мудири кафедраи забони тоҷикии донишгоҳ чорабиниро ифтитоҳ намуда афзуд, ки осори устод Рудакӣ имрӯз беш аз пеш дар тарбияти ҷавонони тоҷик ва тақвияти руҳияи дустдоштани Ватан, эҳтиром гузоштан ба фарҳанг ва арзишҳои миллӣ нақши таъсиргузоре дорад.
Агар чи дар қарнҳои баъд аз Рудакӣ садҳо суханвар ва адиб ба дунёи адабиёт ворид шуд, ки аз бештари онҳо ёде боқӣ намондааст, аммо муҳаққиқон Рудакиро ҳамчунон беҳтарин суханвар дар ҳавзаҳои адабиёти форсӣ медонанд. Рудакӣ ва шеъри ӯ дар ҷаҳони муосир сазовори ҷойгоҳе аст, ки ба дарди замон даво мебахшад. Шеър дар тамомии давру замон ба дардҳои инсонҳо даво мебахшад ва барои зиндагии шоиста ва обод беҳтарин дастур мебошад, илова шуд дар идомаи чорабинӣ аз ҷониби устодони донишгоҳ. Дар идомаи чорабинӣ донишчуён дар мавриди ҳаёту фаъолият маълумот дода, ҳамчунин аз ашъори ноби устод Рудакӣ порчахои назмӣ кироат карданд.
Дар ин рӯз инчунин дар китобхонаи илмии донишгоҳ низ маҳфил доир гардид, ки дар он намояндагони раёсати донишгоҳ, устодону донишҷӯён ва дӯстодорони ашъори Абӯабдулло Рӯдакӣ ширкат варзиданд. Гуфта шуд, ки Устод Рӯдакӣ дар сарнавишти халқи тоҷик аз нахустин суханварону андешамандони ояндабин буд, ки бо сухани парниёпӯш барои эҷод, бунёд ва рушди назму насри адабиёти форсизабонон пояи устувор гузошт. Асолату ғановати шеъри устодро ҷаҳон бишунид, дар дилҳо навишта шуд ва бо гузашти солҳову асрҳо тазминкунандагони зиёд пайдо кард. Дар интиҳои маҳфил барои донишҷӯён китобҳои тозанашр муаррифӣ карда шуд.
You might also like