Саразм – таҷассумгари тамаддуни куҳани тоҷикон

Саразм – ёдгории беназир таҳти ин унвон дар кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон конференсияи илмӣ- тарбиявӣ баргузор гардид. Дар кори конференсия намояндаи раёсати донишгоҳ, роҳбарияти факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ ва устодону донишҷӯён ширкат варзиданд. Зимни баргузории ҳамоиш иброз гардид, ки Саразм ёдгории беназирест, ки дар худ робитаҳои фарҳангии мардуми мухталифи Осиёи Марказиро таҷассум кардааст. Дар ин раванд ҳифз намудани ёдгориҳои таърихӣ ва ба зиёратгоҳи сайёҳон табдил додани онҳо мақсади муҳими ҷомеа мебошад.

Дар идомаи конференсия устодону донишҷӯён дар мавзӯҳои “Саразм- дар масири таърихи тамаддуни тоҷикон”, “Хазинаи тиллоӣ ва ифтихори тоҷикон”, “Ҳикмати Саразм ва тарбияи андешаи миллӣ” маърӯзаҳо ироа намуданд.

Қайд гардид, ки Саразм куҳантарин ва муқаддамтарин масканҳои тоҷикнишин ва эҳёгари тамаддуни миллӣ буда, дар қалби ҳар фарди ҷомеа ангезаи муассири ҳисси ватандӯстӣ, худогоҳии миллӣ, ифтихор аз давлату миллати худ ва ҳифзи истиқлол ва талош баҳри шукуфоии кишвари маҳбубамон – Тоҷикистонро бедор месозад.

Ҳадафи баргузории конфронси мазкур низ арҷгузории ёдгориҳои таърихӣ, гиромидошти таъриху фарҳанг арзёбӣ карда шуд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

You might also like