Муаррифии дастовардҳои ДДҲБСТ дар самти технологияҳои иттилоотӣ
Дар сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маркази байналмилалии тиҷоратии “Сомон-Плаза”-ро мавриди истифода қарор доданд.
Дар чорабинии мазкур Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон низ дастовардҳои соҳаи технологияи иттилоотро ба намоиш гузашта, натиҷаи амалишавии Консепсияи ҳукумати электронӣ дар донишгоҳ ба монанди: коргузори электронӣ (www.korguzor.tsulbp.tj), анбори нашриёти илмӣ (www.ilm.tsulbp.tj), картотекаи электронӣ (www.kartoteka.tsulbp.tj) пешниҳод карда шуд. Дастовардҳои навини донишгоҳ дар самти технологияҳои иттилоотӣ, ин ба роҳ мондани баргузории интернет-олимпиада (www.skart.tsulbp.tj/olimp) байни муҳасиллини мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва донишҷуёни донишгоҳҳои ватанӣ мебошад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки кушодашавии Маркази байналмилалии тиҷоратии “Сомон-Плаза” ба соҳибкорон баҳри ҷалби инвеститсияҳои хориҷӣ ва густариши ҳамкорӣ дар сатҳи байналмиллалӣ мусоидат менамояд. Дар заминаи таъсиси маркази мазкур, рохбарияти донишгоҳ тасими гирифтааст, ки дар назди парки технологии донишгоҳ Клиникаи ҳуқуқии байналмилалӣ “КАФОЛАТ” –ро (http://law.tsulbp.tj) роҳандозӣ намояд. Клиникаи ҳуқуқӣ барои донишҷўён, таҳқиқотчиён барои бадаст овардани малакаи маслиҳатдиҳӣ, ҳалли масъалаҳои ҳуқуқӣ ва барои омўзгорон баҳри баланд бардоштани дараҷаи касбӣ, татбиқ намудани донишҳои худ дар таҷриба имконияти хуб ба даст оранд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа



