Мукофоти олӣ муборак Ҳаким Шарифович!

 

Аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  эълон гардидани  солҳои 2020-2040, “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”аз он шаҳодат медиҳад, ки роҳбари давлат олимон ва ҷавононро барои ноил гардидан ба ин соҳаҳои бунёдӣ ва кашфшаванда, ки ба иқтисодиёти мамлакат хеле заруранд, таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамоянд.

Олимони соҳаи илмҳои дақиқ кӯшиш менамоянд, ки дар раванди корҳои илмӣ-таҳқиқотии худ ҳамеша дар пайи ҷустуҷӯи навгониҳо, тадқиқоти навин, дастовардҳои назаррас ноил гарданд.

Ғаюров Ҳаким Шарифович низ аз зумраи олимони соҳаи дақиқ ва технолгияи инноватсионӣ буда, дар самти корҳои илмӣ-таҳқиқотии соҳаи физикаи назариявӣ дар алоқамандӣ бо нанотехнология корҳои назаррасро анҷом медиҳад. Дар соли равон аз тарафи муҳақиқ якчанд мақолаҳои илмӣ дар риштаи илмҳои дақиқ дар маҷаллаҳои бонуфузи мамолики хориҷ дар мисоли маҷалаи байналмиллалии «EUROPEAN JOURNAL OF NATURAL HISTORY» ва якчанд маҷалаҳои КОА Федератсия Россия ба монанди  «МЕЖДУНАРОДНЫЙ ЖУРНАЛ ПРИКЛАДНЫХ И ФУНДАМЕНТАЛЬНЫХ ИССЛЕДОВАНИЙ» назди Академия илмҳои табиатшиносии ФР аз чоп баромаданд. Фаъолияти пурсамари Ғаюров Ҳакимро ба назар гирифта Академияи илмҳои табиташиносии ФР бо медали Арбоби шоистаи илм ва техника сарфароз гардонидааст.

Раёсат, кулли устодону донишҷӯёни донишгоҳ Ҳаким Ғаюровро ба ин муваффақият дар самти тадқиқоти илмҳои бунёдӣ муборакбод намуда,  барои фаъолияти минбаъда барору комёбиҳо орзу менамоянд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like