Туҳфаҳои Пешвои миллат хазинаи китобхонаи ДДҲБСТ-ро ғанӣ кард
Китоб аз замонҳои хеле қадим чун сарвати бебаҳои ҳар як қавму миллат, воситаи асосӣ ва муҳимми таълиму тарбия, дӯсти беғараз ва роҳнамо ба сӯйи маърифату дониш муаррифӣ гардидааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати татбиқи амалии сиёсати фарҳангии Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамарӯза ба масъалаи нигаҳдорӣ, ҳифз ва рушди фарҳанги миллӣ, нақши китобхонаҳо дар инкишофи ҷомеаи шаҳрвандӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамоянд. Вобаста ба ин, ҳамасола баргузор гардидани озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» байни табақаҳои гуногуни аҳолӣ ва қадрдонии китобхонон аз таваҷҷӯҳи ҳамешагии давлату ҳукумат дар ин самт гувоҳӣ медиҳад.
Дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби Пешвои миллат ба китобхонаҳо туҳфа гардидани миқдори зиёди китобҳои тозанашр исботи гуфтаҳои боло мебошад. Дар баробари дигар китобхонаҳо ба китобхонаи илмии ДДҲБСТ 10 номгуи китобҳо ба миқдори беш аз 50 адад китоб ҳамчун туҳфаи Пешвои миллат ҳадя гардид, ки он ба донишҷӯёни фаъоли донишгоҳ муаррифӣ гардид.Донишҷӯёни донишгоҳ зимни муаррифӣ бо китобҳои туҳфанамудаи Сарвари давлат изҳори миннатдорӣ карданд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа




