Устодони ДДҲБСТ соҳиби мукофотҳои давлатӣ гардиданд
Дар толори Қароргоҳи Сарвари давлат дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба ҷашни 29 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ баргузор гардид.Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 июли соли 2020, №1571 як қатор кормандони соҳаҳои илму фарҳанг, тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасонӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, хизматчиёни давлатӣ ва соҳибкорон бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Дар қатори кормандони соҳаҳои гуногун ду нафар устодони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Саттор Байзоев ва Нарзулло Ахмедов ба гирифтани медалҳои Хизмати шоиста шарафёб гардиданд.
Мукофотҳои давлатиро дар вазъияти мутантан муовини Сарвазири мамлакат Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ ва муовини якуми Раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар тақдим намуданд.
Ҳамчунин ба ифтихори 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ду нафар устодони донишгоҳ Аминҷон Амонов ва Равшан Ибрагимов ба гирифтани Ифтихорномаи МИҲД-и вилояти Суғд ва панҷ нафар кормандону устодони донишгоҳ ба гирифтани Ифтихорномаи МИҲД-и шаҳри Хуҷанд сарфароз гардиданд.
Ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ аз дастовардҳои навбатии ҳайъати профессорону устодон ва кормандони донишгоҳ хушҳол гардида, ба фаъолияти минбаъдаашон барору комёбиҳо орзу менамояд.

