Истиқлолият неъмати бебаҳост!
Бо ба даст овардани истиқлолият миллати азиятдидаву ранчкашидаи тоҷик озод гардид. Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷикон аст, ки баъди ҳазорсолаҳо боз насиби мо гашт. Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан, нуру зиё, мехру вафо, ободию озодӣ, хамфикрию хамзистӣ ва осоиштагиву абадиятро ба мардуми бузурги тоҷик ва Точикистони азиз овард.
Гарчанде бархе аз номуродони миллат бо сарварии ҳизби наҳзат чун душманони қаттоли ин сарзамини афсонавӣ тобу тоқати ин руйдоди бузурги таърихӣ накарда, миллати баруманди тоҷикро бо хамдигар иғво андохтанду тухми кинаву адоватро кишт намуданд, ки баъдан он ҳамчун ҷанги шаҳрвандӣ шӯъла зад. Тайи солҳои ҷанги хонумонсӯз мардуми мо сарсону саргандон роҳи муҳоҷиратро пеш гирифта, аз сарзамини аҷдодии худ канор рафта дар заминҳои Афғонистон ҳамчун муҳоҷири иҷборӣ умр ба сар бурд. Ин ҳама амалҳои ҳизби наҳзат буд, ки ҷомеаи моро ба вартаи ҳалокат овард.
Хушбахтона баъди чандин солу рӯзҳои мудҳиш ба сари мардуми мо хуршеди тобон нур пошид. Бо саъю кӯшиши Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва халқи баруманди мо Созишномаи сулҳу ваҳдат имзо гардида, ҷанги дохилӣ интиҳо ёфт. Акнун кулли соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат аз вартаи буҳрон бароварда шуд. Тоҷикистонро ҳамчун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохт, ки дар ин ҷода нақши Пешвои миллат бағоят бузург аст.
Имрӯз наметавон сарзаминеро номбар кард, ки Тоҷикистонро чун кишвари соҳибистиқлол нашиносад. Имрӯз мардуми сарбаланди мо бо ифтихори бузург, аз дастовардҳои даврони ваҳдату истиқлолият сухан меронанд ва хушу хурсандона умр ба сар мебаранд.
Сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат дар шароити пуртазоди ҷахонишавӣ маҳз барои он роҳандозӣ гардида истодааст, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дар ҳама шаҳру ноҳияҳо, вилояту минтақаҳо осудаву ором ва бо амну бехатар зиндагиву кору фаъолият намоянд.
Лек бархе аз душманони миллати мо аз хориҷи мамлакат истода нисбати сиёсати хориҷии мамлакати мо суханҳои бардурӯғро паҳн менамоянд. Аз ҷумла нисбати машқҳои низомӣ назари муғризонаи худро пешниҳод намуда, мекӯшанд ақидаи ҷомеаро вайрон кунанд. Лек гузаронидани машқҳои низомӣ бо иштироки давлатҳои ба мо дӯст баҳри ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва сарҳадӣ равона мегарданд. Дар ҳудуди вилояти мо низ, гузаронидани машқҳои ҳарбӣ бо иштироки давлатҳои бо мо дӯст гувоҳӣ ҳаминанд. Гузаронидани машқҳо ҳарбӣ дар ҷануби кишвар бо иштироки давлатҳои шарик ба монанди Федератсияи Русия баҳри устувор нигоҳ доштани сарҳади Тоҷикистон аз таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир ва густариш бахшидани омодагии дифоии кишвар ба шумор меравад.
Мубориза бурдан бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз муаммоҳои глобалӣ дар шароити муосир ба шумор рафта, дар ин ҷода Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз давлатҳои фаъол мебошад. Таъкид ба маврид аст, ки давлати мо бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон қариб 1400 км марзи муштарак дошта ва мубориза мо гардиши ғайриқонунии маводи мухадир дар сафи пеш қарор дорад.
Хулоса, тавассути истиқлолият ва ваҳдати миллӣ тоҷику тоҷикистониёни дар кураи ҷаҳон бударо бо ҳам овард ва дари худро ба ҳаммиллатони бурунмарзӣ боз намуд. Самараи неки истиқлолият аст, ки имрӯз давлати мо дар дунё обрӯву нуфузи худро дорост. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон – манбаи омӯзиши ҷомеаи ҷаҳон гашт, ки боиси ифтихори ҳар як шаҳрванди кишвари азизамон аст. Мо бояд аз ваҳдату озодии худ биболему барои боз ҳам пурқувват гардидани Ватани азизамон кӯшиш ба харҷ диҳем. Нагузорем, ки тири нохалафи душманони миллат, ба мисли аъзоёну саркардагони ТЭТ ҲНИ осмону софу беғубори давлати моро тира созанд.
Тамоми қишрҳои мамлакатро ва махсусан ҷавонону наврасони ватандӯсту бедордилро баҳри дастгирии сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ва гул-гулшукуфии Тоҷикистони биҳиштосо даъват менамоем. Муттаҳиду сарҷамъ бимонем.
Ахмедов Н.И. – н.и.ҳ., дотсент, мудири
кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика
ва пешгирии коррупсияДДҲБСТ