Қадрдонӣ дар ДДҲБСТ
Имрӯзҳо миллати сарбаланди тоҷик дар фазои рӯҳбаландии беназир аз дастуру ҳидоятҳои ояндасози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастовардҳои фараҳбахши соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат, 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро истиқбол менамоянд.
Бахшида ба солгарди навбатии Истиқлолияти давлатӣ дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон маросими қадршиносии ғолибони олимпиадаҳо ва озмунҳо бахшида 29 солагии Истиқлолият доир гардид.
Нахуст, ректори донишгоҳ профессор Муъмин Шарифзода иштирокчиёнро ба ҷашни муқаддаси Истиқлолият шодбош намуда, иброз дошт, боиси сарфарозист, ки ҷашни муқаддаси миллиамон ба таҷлили 5500-солагии Саразми бостонӣ ва 700-солагии бузургдошти Шайх Камоли Хуҷандӣ, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ ботантана таҷлил мегарданд, рост омад.
Воқеан, 29 соли Истиқлолият соҳаи маорифи кишварро ба зинаҳои баланд баровард ва ба манзалату мақоми шоиста ёфтани он мусоидат кард. Дар назди ҳамаи мо вазифаи басо пурмасъулият – омода намудани мутахассисони варзидаи худогоҳу худшиносро гузошт, илова кард роҳбари донишгоҳ.
Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ба як қатор донишҷӯён ва устодоне, ки дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявиву байналмилалӣ ширкат варзида, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд, Ифтихорномаву маблағҳои пулии раёсати донишгоҳ тақдим карда шуд.
Аз ҷумла, донишҷӯён Нурониддин Азизов ва Нигинаҷон Авезматова барои фаъолияти босамар дар риштаи илму таҳсилот, иштироки фаъолона ва ишғоли ҷойҳои ифтихорӣ ҷиҳати дарёфти “Ҷоми Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо дипломи “Ҷоми Академияи илмҳо” ва Ифтихорномаи ректори донишгоҳ сарфароз гардонида шуда, бо фоизи муайян аз пардохти ҳаққи шартнома озод гардиданд.
Ҳамчунин ба донишҷӯёне, ки дар Интернет-олимпиадаи кушоди байналмилалӣ ва озмуни донишгоҳии иншои беҳтарин дар мавзўи «Дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва дурнамои рушди Тоҷикистон» соҳиби ғолибият шуданд, диплому туҳфаҳои пулии раёсати донишгоҳ тақдим карда шуд.
Роҳбарони донишҷӯёне, ки ҷиҳати иштирок дар озмуну олимпиадаҳо роҳнамоӣ кардаанд онҳо низ бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои молиявии раёсати донишгоҳ қадршиносӣ шуданд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа









