Дастгирии ниёзмандон
Раҳму шафқат ва кӯмаку ғамхорӣ нисбати табақаҳои ниёзманди ҷомеа аз ҷумлаи амалҳое мебошанд, ки риояву иҷрои онҳо қобили таҳсин ва аъмоли хайру савоб шуморида мешавад.
Табақаи ниёзманди ҷомеа зери таваҷҷуҳи ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, онҳо дар ҳар иду айём бо кӯмаку ғамхорӣ фаро гирифта мешаванд. Дар пайравӣ ба кору пайкори инсонпарваронаи Сарвари давлат роҳбарияти Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон донишҷӯёни ниёзмандро мунтазам дастгирӣ менамояд.
Ба муносибати солгарди навбатии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрўз ректори ДДҲБСТ профессор Муъмин Шарифзода 18 нафар донишҷӯёни ниёзмандро, ки дар донишгоҳ таҳсил менамоянд, ба солгарди ҷашни муқаддаси миллӣ-Истиқлолияти давлатӣ шодбош намуда, кӯмаки молиявӣ тақдим кард. Ҳамчунин дар ин рӯз чанде аз кормандон ва устодони донишгоҳ низ аз ин ғамхориҳо бархурдор шуданд.
Ректори донишгоҳ донишҷӯёнро ба омӯзиши пайвастаи илму дониш, аз худ намудани барномаҳои таълимӣ, забономӯзӣ ва такмили донишу малака даъват кард. Донишҷӯён низ дар навбати худ барои дастгириву пуштибониҳои давлату Ҳукумат ва таваҷҷӯҳи роҳбарияти донишгоҳ изҳори сипосу миннатдорӣ карда, ваъда доданд, ки таҳсилашонро бо баҳои хубу аъло ба итмом расонида, саҳмашонро дар рушду инкишофи Ватани маҳбубамон мегузоранд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа




