Ғолибияти устодону донишҷӯёни ДДҲБСТ дар даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»

 

Дар толори Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд қадршиносии ғолибони даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор шуд.

Миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрантон, аспирантон, докторантон) дар номинатсияи “Хондан ва аз ёд кардани осори адибони классикии тоҷик” донишҷӯёни факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес сиёсати Тоҷикистон-Манижа Дадобоева, донишҷӯи  бахши 4-ум сазовори ҷойи аввал ва Умед Юнусалиев – донишҷӯи бахши 2 сазовори мақоми дуюм гардиданд.

Дар байни калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун, дар номинатсияи “Хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик” Мамлакат Атаева – дотсенти кафедраи забони русӣ,  дар номинатсияи “Хондан ва аз ёд кардани осори адабиёти ҷаҳон” Дилбар Мирзоева – дотсенти кафедраи забони русии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, ҷойҳои ифтихориро ба даст оварданд.

Абдухолиқ Мирниёзов устоди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон миёни довталабони номинатсияи шоирӣ ғолиб шуд.

Ғолибон бо диплому маблағҳои пулии МИҲД- и шаҳри Хуҷанд қадршиносӣ гардиданд.

 

 

 

You might also like