Интихоб миёни амнияту субот ва ё «демократия»

Рўзҳои охир бўҳрони Ҷумҳурии Белорусия ба яке аз масъалаҳои рўзмарра ва пурбаҳстарин табдил ёфтааст. Истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ, пойгоҳҳои иттилоотӣ, коршиносону таҳлилгарони сиёсӣ дидгоҳҳои мухталиф ва то як андозода мутаззодро перомуни ин бўҳрони зуҳурнамуда ироа намуда истодаанд. Гурўҳе ин ҳодисаҳоро маҳкум ва гурўҳи дигаре то як андоза ҷонибдорӣ менамоянд. Дар ҳар сурат новобаста аз мавқеъгириҳои мухталиф муҳим мешуморем, ки вазъият ба эътидол баргардад ва фазои субот ва сулҳомез дар ин кишвар барқарор гардад. Барои мо тоҷикистониён низ зарур аст, ки аз ин бўҳрон бардоштҳои лозимиро дошта бошем, то давлатдории миллӣ ва суботу амнияти кишварро аз ин гуна тамоюлҳои низоъангези «демократикунонӣ» ҳифз карда бошем.

Албатта бўҳрони имрўза дар Ҷумҳурии Белорусия худ аз худ зуҳур накардааст ва як қатор омилҳои дохилию берунӣ заминасози он гаштаанд. Аз ин рў, ба мо зарур аст, ки ин омилҳоро ошкор намоем, то бардошти дурусте аз мушкилот дошта бошем. Чи хеле ки маълум аст, буҳрони ин кишвар давоми бозиҳои геополитикии кишварҳои ғарбӣ бо шиори ҳамешагии «демократикунонии кишварҳои пасошўравӣ» мебошад. Аммо, дар воқеъ ин раванди «демократикунонӣ» то кадом ҳад ба нафъи кишварҳои пасошўравӣ меанҷомад ва ё ба рушди онҳо мусоидат менамояд масъалаи баҳсталаб боқӣ мемонад. Зеро ҳодисаҳои имрўзаи Ҷумҳурии Белорус эҳтимоли зуҳури ноамниву носуботӣ ва ё ба майдони набарди абарқудратҳо табдил гаштани ин кишварро ба миён овардааст. Коршиносон чунин эҳтимолиятеро зикр намудаанд, ки дастгирӣ ёфтани мухолифини Ҷумҳурии Белорусия аз ҷониби кишварҳои ғарбӣ ва Ҳукумати ин кишвар аз ҷониби Федератсияи Россия шояд заминасози зуҳури низоъ ва ноамнӣ, зери суол рафтани истиқлолияти сиёсии ин кишвар ва ҳатто порашавии он гардад. Дар чунин сурат бохти асосӣ насиби ин ҷумҳурии пасошўравӣ мегардад, чи хеле ки чунин ҳолатро мо дар Ҷумҳурии Украина мушоҳида намуда будем. Дар бўҳрони Украина низ ҷониби кишварҳои Ғарб бо сарварии ИМА аз як тараф ва Федератсияи Россия аз тарафи дигар бурдҳои худро доштанд ва бохти асосиро аз «демократикунонии майдонӣ» Ҷумҳурии Украина дошт, ки ҳудуди муайяни худро аз даст дод ва то ба имрўз дар шарқи он ноамнӣ ҳукмфармо мебошад.

Саволе ба миён меояд, ки кадом омилҳое боис шудаанд то нуфузи мухолифон зери ҳимояти кишварҳои ғарбӣ дар Белорусия афзояд ва зери таъсири онҳо ҳолати бўҳронӣ дар ин кишвар зуҳур ёбад? Албатта, бе заминасозии омилҳои дохилӣ дар ягон ҳолат субъектҳои берунӣ имконияти таъсиргузорӣ ба умури дохилии як кишварро соҳиб намегарданд. Кишварҳои ғарбӣ ҳамеша имконияти мусоидеро мекобанд, то ба умури кишварҳои пасошўравӣ таъсир гузоранд. Чунин ҳолатро мо дар мисоли Ҷумҳуриҳои Гурҷистон, Молдова ва Украина мисол оварда метавонем. Ба андешаи мо таъсири нуфузи онҳо дар Белорусия дар пайи мавҷуди омилҳои зайл боло рафтааст. Яъне чунин омилҳое боис шудаанд, ки лоиҳаи «демократикунонӣ» аз ҷониби субъектҳои берунӣ дар Ҷумҳурии Белорусия оғоз бахшида шавад. Агарчанде инкори нақши мардуми ин кишвар дар зуҳури тазоҳуротҳо низ метавонад ноадолатона арзёбӣ шавад. Чунин ба назар мерасад, ки ин лоиҳа зери таъсири омилҳои дохилӣ таҳаққуқи худро дар Белорусия пайдо намуд, ки паёмадҳояш барои рушди минбаъдаи ин кишвар норавшан боқӣ мемонад. Ба андешаи мо омилҳои зайли дохилӣ мусоидаткунандаи ин фароянд буданд:

– чи хеле ки маълум аст, оғози тазоҳуротҳо дар Ҷумҳурии Белоруссия ба интихоботи президентӣ дар ин кишвар рабт дорад. Иштироки ғайрифаъоли мардум дар интихобот нишонаи беэътиноии онҳо ба сиёсат ва гум шудани эътимоди онҳо ба ин маъракаи муҳимми сиёсӣ  мебошад. Чунин ҳолат бозгўи гум шудани боварии мардум ба роҳҳои сулҳомези тағйироти сиёсӣ дар Белорусия аст. Ин ҳолат баёнгари зиёд шудани дурии миёни мардум ва низоми идории ин кишвар мебошад, ки бегонагардии мардумро аз низоми идорӣ нишон медиҳад. Барои низоми идории ин кишвар зарур буд, ки мавқеи интихоботро ҳамчун як маъракаи муҳимми сиёсӣ ва ҳадди ақал як механизми тақсими қудрати сиёсӣ нигоҳ дорад.

– набудани созиш миёни нерўҳои сиёсӣ дар мавриди тақсимоти қудрат ва дурнамои рушди давлатдории миллӣ. Ҳадди ақал нерўҳои сиёсии ин кишварро зарур буд, ки сари масъалаҳои асосии давлатдорӣ дар созиш бошанд ва якдигарро инкор насозанд. Ба андешаи мо дарёфти механизми  тақсими қудрат миёни нерўҳои сиёсӣ ва дар заминаи он ба созиш расидан, метавонист яке аз роҳҳои муассири пешгирӣ аз дахолати субъектҳои берунӣ бошад.

– набудани фазои солим ва мусоид барои фаъолияти нерўҳои сиёсии созанда, инчунин ҷой надоштани рақобати солими сиёсӣ дар кишвар боиси боло рафтани нақш ва мақоми нерўҳои тахрибкор дар Белорусия гаштанд. Мавқеъ пайдо намудани С. Тихановский танҳо давоми 6-7 моҳи таблиғоти интернетӣ аз чунин ҳолат дарак медиҳад. Дар чунин як фазое ҳар гуна нерўи сиёсӣ, ҳатто бе доштани як барномаи мукаммали сиёсӣ бо истифода аз шиорҳои популистӣ метавонад таваҷҷуҳи мардумро ба худ кашад ва бо эҳсосоти онҳо таъсир гузорад. Дар чунин як фазои эҳсосотӣ таблиғоти иттилоотии субъектҳои берунӣ бар нафъи мухолифини ҳукумати Ҷумҳурии Белорусия анҷомид, ки аз манфиатҷўии онҳо дарак медиҳад.

– нофаъолӣ ва беэътиноии низоми идории Ҷумҳурии Белорусия ба равандҳои сиёсӣ дар кишвар. Чунин ба назар мерасад, ки то ба имрўз низоми идории Белорусия механизми дурусти ҳалли масъаларо пайдо накардааст.

Моро зарур аст, ки аз бўҳрони ин кишвар бардоштҳое барои ҷомеаи худ дошта бошем. Пеш аз ҳама муҳим мешуморем, ки авлавият ба амният ва суботи кишварамон карда шавад. Зарур аст, ки мардумро аз паҳни иттилооти манфиатҷўёна огоҳ намоем ва зиракиву ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем. Ба умеди «демократияи майдонӣ», ки аз ҷониби доираҳои манфиатхоҳ ба хотири ҳифзи манфиатҳои геополитикӣ ва сиёсияшон роҳандозӣ карда мешавад амният ва суботи кишварамонро аз даст надиҳем, истиқлолияти кишварамонро зери суол нагузорем ва миллату давлатро ба хатар мувоҷеҳ нагардонем.

Солиев Ш.Х.н.и.с., сармуаллими

кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ

You might also like