ДДҲБСТ: Мулоқоти судманд бо роҳбарони гуруҳҳои таълимӣ
Нимаи дуюми рӯзи 31 августи соли 2020 дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мулоқоти ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода бо роҳбарони гуруҳҳои таълимии донишгоҳ доир гардид. Дар мулоқот муовинони ректор, деканони факултетҳои донишгоҳ, сардорони гуруҳҳои таълимӣ ва устодону донишҷӯён иштирок намуданд.
Нахуст, сарвари донишгоҳ вобаста ба таваҷҷӯҳу дастгириҳои рӯзафзуни Ҳукумати мамлакат зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати соҳаи маориф изҳори назар карда, иброз дошт, ки мо-ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ бояд аз пештара дида бештар меҳнат намоем то ба дастовардҳои илмиву таҳқиқотӣ комёб гардида, шогирдони ватандӯсту хештаншинос, мутахассисони рақобатпазири бозори меҳнат, забондон ва дорои қобилияти баланд омода намоем. Муъмин Шарифзода диққати иштирокчиёнро ба вазъи печидаи ҷаҳони муосир, пайдо гардидани гуруҳҳои манфиатҷӯву худхоҳ ҷалб намуда, ба устодону донишӯён таъкид кард ҳамеша ҳушёри зирак бошанд ва дар мубориза ба ин қабил гуруҳҳо бетарафӣ зоҳир нанамоянд. Дӯстдори сарзамини худ, марзу бум гардида, дар ҳифзи арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ саҳмгузор бошанд.
Дар идомаи мулоқот роҳбарони чанде аз гуруҳҳои таълимии донишгоҳ вобаста ба роҳҳои пешгирӣ аз падидаҳои номатлуб, ҳифзи дастовардҳои Истиқлолиту арзишҳои миллӣ ибрози андеша карданд.
Дилфуза Хоҷаева донишҷӯи донишгоҳ, ки соли қабли дар озмуни ҷумҳуриявӣ сазовори унвони Донишҷӯи сол гардида буд баромад карда, донишҷӯёнро ба омӯзиши пайвата ва аз худ намудани илмҳои муосир махсусан забономӯзӣ даъват кард.
Дар интиҳо иброз гардид, ки дар донишгоҳ Стипендияи раёсати донишгоҳ таъсис гардидааст. Донишҷӯёнро зарур аст пайваста хонанд ва ба гирифтани чунин идрорпулиҳо комёб гарданд.








