Саразм – муаррифгари миллати тоҷик
Саразм яке аз ёдгориҳои беназири таърихист, ки таъриху тамаддуни мил-лати тоҷикро ба ҷаҳониён чун мероси фарҳангӣ муаррифӣ мекунад ва аз аҳамиятибузургиилмӣ, таърихӣ ва байналхалқӣ бархурдор аст.
Ба истиқболи 5500 солагии Саразми бостон дар факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ, фарҳангӣ бо номи “Саразм – муаррифгари миллати тоҷик” баргузор гардид.
Зимни баргузории конференсия иброз гардид, ки Саразм яке аз ёдгориҳои аввалини мероси ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ба шумор рафта, таҷлил аз он дар доираи солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мар-думӣ, аҳамияти хоссаеро ба худ касб мекунад.Дар идома устодони факултети мазкур дар мавзӯҳои “Ҷойгоҳи Саразм дартаърихи Суғди бостон”, “Нақши олимони хориҷи дар таҳқиқи Саразми бостон”, “Аз таърихи пайдоиши истилоҳи Саразм” маърӯзаҳо ироа намуданд.
Иброз гардид, ки бино ба маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ, бозёфтҳои маданияти қадимаи халқи тоҷик ба ҳазорсолаи чоруми то мелод мансуб буда, аввалин шаҳрҳову нахустин давлатҳои таърихии мо дар водии Зарафшон ба вуҷуд омаднд, ки намунаи беҳтаринашон шаҳраки қадимаи Саразм мебошад. Ёд-гории Саразм воқеан ҳам аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар ин мавзеъ замоне аҷдоди тоҷикон сукунат доштаанд.
Муаррифии осори илмиву адабӣ ва намунаҳои фарҳанги миллӣ ба ҷаҳониён, аз миллати соҳибмаърифату тамаддунсоз, шаҳрсозу шаҳрдори тоҷикон дарак медиҳад.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа






