Аввал андеша ва баъд гуфтор
Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст, ки зиёда аз ду даҳсола муқаддам муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик ба вуҷуд омад:
Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан, нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву абадиятро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз овардааст.
Дар паҳнои замонҳо миллати мо аз шебу фарози таърих ва озмоишҳои сахту сангин гузашта бошад ҳам, дастовардҳои фарҳанги асил, ҳувияти миллӣ, забони ноби модарӣ, илму адабиёти оламгирашро нигоҳ доштааст. Ба ҳамагон маълум, ки ниёгони мо бо талқини афкори пурарзиши «Пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек» беҳтарин ва равшантарин орзуву омоли инсоният ва рукнҳои ахлоқи ҳамидаро басо орифона ифода намудаанд, ки ин каломи пурҳикмат дар тўли асрҳо барои ташаккули арзишҳои солими башардўстона хидмат кардааст.
Бешак, маҳз чунин тамаддуни пешрафта, суннату оинҳои дорои ҷанбаи ҳаётӣ, тафаккури зиндагисоз ва маърифати баланди ақлонии ниёгони мо буд, ки онҳо ба ганҷинаи тамаддуни башарият аз Зардушту Монӣ сар карда, то Рўдакиву Фирдавсӣ, Абўалӣ Синову Носири Хисрав, Умари Хайёму Имом Fаззолӣ, Шайх Аттору Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдиву Ҳофиз, Хоҷа Камолу Мавлоно Ҷомӣ, Сайидою Бедил барин садҳо нобиғаҳои илму адабу фарҳангро ато кардаанд.
Рости ин Истиқлолият ҳасту мо бо рўйи сурх ва сари баланд баҳри ободии кишвари маҳбубамон камари ҳиммат бастаем. Аммо қобили таассуф аст, ки имрўзҳо на ҳама ба қадри ин неъмати бебаҳо марасад. Чанде қабл тавассути расонаҳои хабарӣ мақолаеро, ки аз ҷониби душмани миллат Сайидюнуси Истаравшанӣ бо номи «Таҳаввулоти Белорус ва таъсири он рӯи мақомоти тоҷик пеш аз интихоботи пеши рӯ» таҳлил намудам.
Матни гуфтаҳои номбурда пур аз кина адоват, бахилӣ дигар ҳеҷ чизеро дар бар намегирад. Ба чунин барин «инсонҳо» муроҷиат карда мегўем ва бояд донанд, ки пеш аз чунин даъво намудан як ба чеҳраи худ назар афкананд, ки киро мебинанд. Гиребони худро бӯй кунанд, ки чӣ бӯе дорад! Дар чеҳраи шумо осори тиҳимағзиву ҳасодат соя андохта. Аз шумо бӯйи бухлу бахилӣ, дурӯғу бӯҳтон меояд.
Ногуфта намонем, ки сиёсати Роҳбарияти Олии кишвар аст, ки мо имрўз давлати обод ва ором дорем. Пеш аз ҳама амнияти миллӣ таъмину устувор аст, мо ба маслиҳатҳои берунаи хориҷиён мўҳтоҷ ҳам нестем. Он ҳаводисе, ки дар Белорус шуд, бигзор насиби онҳо монад. Вақте буд, ки ба ин минвол нависандаҳо ва ба ном «оппозитсия» даъвои озодӣ ва демократия намуда, Тоҷикистонро ба вартаи хатар бурда расониданд. Магар инро таърих фаромўш мекунад – ҳаргиз. Пайи ин гуна нобасомониҳо (хоҳ дар Белорус, хоҳ дар Украина) афроде ҳастанд, ки ба ҷуз манфиатҳои моддӣ ва субъективӣ дигар ҳеҷ фоида надоранд. Мақсади онҳо иғво андохтан дар давлат ва аз ин фоида гирифтану зиндагии шахсиро басомон кардан ҳасту халос.
Тоҷикистон дар таърих исбот намуд, ки роҳи дурусти сиёсати давлатиро пеша намудааст ва интихоботи дарпешистода тибқи қонун ва бо талаботҳои зарурӣ гузаронида хоҳад шуд. Мардуми моро зарур аст, бо дарки масъулияти ҳамешагӣ аз фурсати ғанимат истифода намуда, баҳри пешбурд ва дастгирии сиёсати одилонаи имрўзаи мамлакат кўшиш намояд.
Санавваров Ғ.Б. – н.и.ҳ., дотсент, мудири
кафедраи ҳуқуқи гражданӣ ва меҳнатӣ ДДҲБСТ