Дузду фиребгар имрӯз шудаст таҳлилгар!
Давлате, ки соҳибистиқлол гардидаасту ба пешравию таракқиётҳои бузург ноил гаштааст, имрӯзҳо дар атрофи он шахсони бадхоҳ ва душманони миллат пайдо мегарданд, ки ба таҳлилу баҳодиҳии худсарона оғоз медиҳанд. Сайидюнуси Истаравшанӣ амсоли чунин шахсест, ки ҳамчун сиёсатмадори сатҳи байналмилалӣ ҳодисаҳои сиёсии давлатҳои дигарро таҳлил ва баҳогузорӣ менамоянд, ҳоло он ки таҳлил намудан, баҳо додан, дахолат кардан ба корҳои дохилии давлатҳои дигар аз рӯи меъёрҳои ахлоқ ва ҳуқуқ нораво мебошад. Дар маърузаи худ Сайидюнуси Истарашанӣ вазъи сиёсии имрӯзаи Ҷумҳурии Белорусияро ба Тоҷикистон монанд дониста, баъзе фикру андешаи худро баён намудааст, ки умуман ба мантиқ, ба воқеият, ба ақли солими инсони комил ва беғараз мувофиқат намекунад, зеро фарқ миёни таърихи ба дастоварии истиқлолияти давлатӣ, рӯзҳои аз сар гузаронидаи мардум, муносибати роҳбарияти сиёсии кишварҳо ва муҳимтар аз ҳама эътиқод ва эътимоди аҳолии кишвар ба Президентҳои худ аз замин то осмон мебошад.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар даврае, ки ҷанги хонӯмонсӯзи дохилӣ боиси зарари зиёди молию ҷонӣ гардида, ба ягонагии марзӣ ва бақои миллати тоҷик хатари нобудшавӣ таҳдид мекард, дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷасурона роҳбарии давлатро ба ӯҳда гирифт. Боиси ифтихор аст, ки Эмомалӣ Раҳмон бо ҷаҳду талошҳои пайвастаашон гуфтаҳои худро содиқона ва собитқадамона собит намудаанд.
Сайидюнуси Истаравшанӣ ва дигар шахсони ҳамфикру ҳаммаслаки ӯ имрӯзҳо бо истифода аз вақти мусоид, яъне дар арафаи интихоботи дарпешистодаи президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама қувва ва имкониятҳои худро истифода мебаранд, ки ба ҷараёни ташкил ва баргузории он то қадре бошад ҳам таъсири манфии худро расонанд, мардумро ба гумроҳӣ баранд, мақсаду ҳадафҳои зархаридҳои дар хориҷа қарордоштаи худро ба иҷро расонанд. Халқи тоҷик ва миллатҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ ва умр ба сар мебурда имрӯз ба туҳмату буҳтонҳову суханҳои бофтаи душманони миллати тоҷик аҳамияте ҳам намедиҳанд ва дар ин рӯзҳои барои давлату миллат зарурӣ ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, боз хам зирак гашта манфиатҳои давлат, миллат ва халқи Тоҷикистонро аз чунин шахсони бесавод, бадхоҳ, хиёнатгари миллату давлати худ ҳимоя менамоянд.
Дар Ҷумҳурии соҳибистиқоли Тоҷикистон то имрӯз якчанд маротиба интихоботи Президентӣ, интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ва вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ ташкил ва баргузор карда шуд, ки дар ҷараёни ин интихоботҳои қаблан гузашташуда намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ, нозирони байналмилалӣ ва миллӣ ширкат варзиданд ва ба кори Комиссияи Марказии интихобот, комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавӣ ягон эроди ҷиддӣ нагирифтанд ва натиҷаи интихоботҳоро инкор ва зери шубҳа қарор надодаанд.
Ҳамчун шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо боварии қавӣ иброз медорам, ки интихоботи санаи 11 октябри соли равон баргузор мегардида ба монанди интихоботҳои пештара дар фазои тинҷу ором, якдигарфаҳмӣ дар доираи Конститутсия, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва баргузор карда мешавад ва халқи тоҷик номзади арзандаи худро интихоб менамоянд.
Масъалаҳоеро, ки Сайидюнуси Истаравшанӣ миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Белорусия гуфта гузаштааст умуман робита надорад. зеро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни давлатҳои ҷаҳон ҳамчун Президенти сулҳовар, ташаббускори масъалаҳои глобалии байналмилалӣ ва дар дохили кишвар ҳамчун Президенти мардумӣ, ҳимоятгари ҳуқуқу манфиатҳои давлат, миллат, мардуми шарифи Тоҷикистон эътироф гардидааст ва тамоми қишрҳои ҷомеа тарафдори сиёсати пешгирифтаи Президенти худ буданд, ҳастанд ва мебошанд. Бо боварӣ гуфта метавонам, ки чунин ҳодисаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сар намезанад, зеро халқи тоҷик дигар рӯзҳои даҳшатноки дидаи худро такрор кардан намехоханд.
Ба тамоми халқи Тоҷикистон, ҳар фарди худогоҳ ва бонангу номуси миллат зарур аст, ки ба қадри соҳибистиқлолӣ ва соҳибихтиёрӣ, сулҳу субот ва оромии ҷомеа расида, онҳоро ҳамчун неъмати бебаҳо қадршиносӣ кунанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ҳамеша барои ҳифзи манфиатҳои олии миллат ва давлат азму талош намоянд.
Фарзандони бонангу номуси халқи Тоҷикистон бо дарки масъулияти ватандорӣ ҳадафҳои наҷиби созандагӣ ва ободонии Ватани азизамонро минбаъд низ қарзи инсонӣ ва шаҳрвандии худ мешуморанд ва садоқати хешро ба Тоҷикистони ободу соҳибистиқлол бо кору пайкори амалии ҳаррӯзаашон собит месозанд.
Ҷонибдорон ва таҳмилкунандагони чунин ақоиди бегона, махсусан аъзоён ва тарафдорони ТЭТ ҲНИ набояд фаромӯш созанд, ки мардуми сарбаланди тоҷик ҳеҷ гоҳ ҷонибдори хушунату зӯроварӣ набуд. Баръакс насли имрӯзаи мо ҳамеша аҳли ҷомеаро ва махсусан ҷавонону наврасонро ба сулҳу субот, адлу инсоф, ваҳдату муттаҳидӣ, сабру таҳаммул, дӯстиву рафоқат, меҳнати ҳалол ва муросову мадоро, яъне барои эҷоди муҳити ҷомеаи солим даъват менамояд.
Мирзоҷонова М.Қ. – н.и.ф., дотсент,
мудири кафедраи забони англисии ДДҲБСТ