Дар ҷаҳон сулҳ пойдор бод!
Ба вуқуъ омадани бетартибиҳои оммавӣ дар Ҷумҳурии Белоруссия ҳолати ғайричашмдошт ва боиси нигаронист. Белоруссия яке аз амнтарин ва оромтарин мамлакати пасошуравӣ маҳсуб меёбад. Дар он баҳри шароити арзандаи зиндагӣ ва инкишофи озодонаи ҳар як шахс имкониятҳои муносиб фароҳам оварда шудааст. Халқи белорус ба қадри ин гуна нематҳои фароҳамбуда бояд бирасанду бо истифода аз он ҳаёти осоиштаро паси сар намоянд. Ношукрӣ оқибатҳои нигаронкунандаро бамиён меорад. Ношукрии халқи Лубнону Ироқ нишон дод, ки бесарусомонию қашшоқӣ дар ин мамлакатҳо то ҳол ҳукмрон аст. Дарси ибрати хубест ҳодисаҳои дар Шарқи наздик рухдода ба халқи белорус, ки муқоиса намоянду хулосаи зарурӣ бароранд.
Бояд қайд кард, ки вазъияти сиёсӣ-иҷтимоӣ дар Белоруссия ҳанӯз моҳҳои ноябр-декабри соли 2019 рӯ ба мураккабшавӣ ниҳод. Дар ин давра силсилавохӯриҳои ҳайатҳои ҳукуматии Белоруссия бо Россия ҷиҳати «интегратсияи амиқ»-и ду кишвар баррасӣ мешуданд. Дар марҳилаи қабл аз интихобот Лукашенко ва Путин консепсияи ташкили «Давлати муттаҳид»-ро баррасӣ намуда, як қатор созишномаҳоро ба имзо расониданд. Инчунин, масъалаи бунёди парлумони муттаҳид низ мавриди назари роҳбарони ду кишвар қарор гирифт. Ҳамзамон, кишварҳои Аврупо, ки комилан зидди ташкили чунин иттиҳод мебошанд, кӯшиш намуданд, ки дар арсаи сиёсӣ ба Белоруссия фишор оранд.
Тақдири имрузу ояндаи Ҷумҳурии Белоруссия дар дасти худи халқи белорус мебошад, ҳеҷ иттиҳодия, гуруҳ ва ё фарде наметавонад ба муқобили иродаи халқи белорус дар Ҷумҳурии Белорусия баромад намояд. Ҷумҳурии Белорусия давлати соҳибихтиёр аст сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро мустақилона бидуни дахолати дигар давлатҳо ва ташкилотҳои байналхалқӣ ба амал мебарорад.
Дахолати баъзе давлатҳои Аврупо ба корҳои дохилии Ҷумҳурии Белорусия хилофи меъёр ва принсипҳои байналхалқӣ буда, боиси ба миён омадани бетартибиҳои оммавӣ дар Белорусия гардида истодааст.
Ҳолати мазкур ба хотири мо ҳодисаҳои хануз дар солхои навадуми асри гузашта дар Тоҷикистон аз ҷониби ТЭТ ҲНИ бо дасти хочагони хориҷии худ содирнамударо бахотир меоранд, ки сабаби ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикстон шуданд.
Дар охир ба халқи белорус муроҷиат намуда таъкид менамоям, ки пеш аз ҳама ба қадри сулҳу субот ва амният дар мамлакати худ бирасед ва инчунин зиракии сиёсиро аз даст надода, побанди бадхоҳони давлату миллати худ нагардед, баҳри пешгирии бетартибиҳои оммавии рухдодаистода тамоми қувваи худро сафарбар намоед. Ин давлат аз шумост. Ҳам ободгар ва ҳам барҳамдиҳандаи он шумоед.
Раҳматова З.М. – н.и.ҳ., дотсенти
кафедраи ҳуқуқи конститутсиони ДДҲБСТ