Майдонбозӣ чи лозим!
Дар мақолаи «Такя ба мардум»и таҳлилгари наҳзатӣ Анвар Мунавварошоев, ки дар сомонаи наҳзатӣ “Паём.нет” рӯи чоп омад дорои андешаҳои нопок ва ғаразноки душманон баён гардидаанд, ки мо онҳоро маҳкум месозем.
Чунончӣ онҳо менависанд, ки интихоботҳои кишварро САҲА эътироф накардаст. Мо бо итминони комил мегӯем, ки дар интихоботҳои Сарвари кишвар натанҳо намояндагон ва назоратчиёни дохилӣ, балки институтҳои васеъи ҷомеаи ҷаҳонӣ, СММ, САҲА, давлатҳои аъзои ИДМ мунтазам иштирок намуда ба баргузории ин чорабиниҳои сиёсӣ баҳои баланд медиҳанд. Натиҷаи ҳамин гуна шаффофият ва созандагиву бунёдкориҳост, ки қариба ҳамаи давлатҳои ҷаҳон робитаҳои хуби манфиатҳои тарафайнро эътироф намуда ҳамкорӣ карда истодаанд. Ғайр аз ин имрӯз Тоҷикистон бо 173 давлатҳои ҷаҳон робитаҳои дипломатӣ дорад. Аз ин нуқтаи назар андешаҳои нопоки намояндагони собиқ ҳизби наҳзат ва хоҷагону тарафдорони онҳоро мо қатъиян маҳкум месозем.
Мо таҳти роҳбари Пешвои миллатдар давоми бисту нӯҳ соли истиқлолият бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои сахту сангини зиёд таҳкурсии давлати соҳибихтиёрамонро гузоштем ва дар соҳаҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва муҳимтар аз ҳама, дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишварамон ба дастовардҳои назаррас ноил гардидем.
Мо давлати озоду демократиро дорем.Чунонки аз сарнавишти бисёр қавму миллатҳои сайёра бармеояд, соҳибистиқлолӣ насиби ҳар халқ намегардад. Зеро ба даст овардани соҳибистиқлолӣ ва барпо намудани давлати соҳибихтиёр ғайр аз ин, ки бо имконияти таърихии ҳар халқу миллат иртибот дорад, инчунин аз ҳар фарди миллат бедориву ҳушёрӣ, эҳсоси гарми ватандӯстиву ватандорӣ, кору фаъолияти содиқонаву софдилона ва саъю кӯшиши доимиро талаб мекунад. Модели хоси давлатдории миллии Тоҷикистони соҳибистиқлолро ҷаҳони муосир эътироф намуд ва кишвари мо мақому манзалати шоистаи худро дар ҷомеаи башарӣ пайдо кард, ки ин бузургтарин дастоварди мо дар интиҳои асри XX ва ибтидои садсолаи XXI маҳсуб мешавад
Ҳамон тавре ки ёд дорем, баробари ба даст овардани истиқлолият мардуми мо ба гирдоби мухолифату низоъҳои дохилӣ ва оқибат ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор гардид ва кор ба ҷое расид, ки масъалаи ҳастии миллату давлати тоҷикон зери хатар қарор гирифт. Яъне хатари пароканда шудани миллати тоҷик ва аз байн рафтани давлати тоҷикон ба воқеияти бисёр талху даҳшатноки рӯз табдил ёфта буд. Аз қафои майдоннишиниву гуруҳбозии наҳзату душманони миллат кор ба ҷое расид, ки давлат қариб пора-пора гашта буд. Мо дигарбора ба чунин вазъийт роҳ намедиҳем ва бар зидди душманони миллат қотеъона бо афкору дониш ва рафтору кору фаъолияти созанда ҷавоб мегардонем.
Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати дарҳои бозро пеш мебарад ва дар ҷои марказӣ ҳифзи манфиатҳои миллиро мегузорад. Бояд гуфт, ки дар кишвар таҳлилгарони пурқувват зиёданд ва оиди равандҳоеро, ки имрӯз дар ҷаҳон рух медиҳанд маълумоти комил ҳам доранд. Дар ин замина ҳодисаҳое, ки дар дигар кишварҳо рух медиҳанд ин кори дохилисиёсии онҳост. Тоҷикистон чун кишвари демокративу ҳуқуқбунёд танҳо ҷонибдори сиёсати созанда ва дӯстона бо давлатҳои ҷаҳон мебошад.
Он ҳодисаҳое, ки дар Ҷумҳурии Беларус ба назар мерасанд ин кори дохилии ин кишвар аст. Тоҷикистон бо ҳукумати қонунии ин кишвар, ки шарики стратегии давлати мост робитаҳои хубро ба роҳ мондааст. Андешаҳои ғаразнок ва нопоки як гурӯҳ хоинони миллат, ки дар давлатҳои сеюм ҳастанд ҳеҷгоҳ муносибатҳои дӯстонаву созандаи Тоҷикистонро вайрон сохта наметавонанд. Халқи шарифи Тоҷикистон дар арафаиҷашнҳои бузург қарор доранд ва танҳо бо меҳнати содиқона кишварро таҳти роҳбарии Пешвои миллат боз ҳам зебову бузург месозанд.
Олимов Б.Ҳ. – н.и.т., дотсент, мудири
кафедраи муносибатҳои байналхалқии ДДҲБСТ