Ҳама доди ватанхоҳӣ зананд…
Вақтҳои охир дар сомонаҳои интернетӣ буҳтонномаҳое нисбати роҳбарият ва мақомоти мухталифи ҳокимияти давлатии Тоҷикистон ба нашр мерасанд, ки аксарияти муаллифони онҳо метавон гуфт, ки аъзо ва пайравони ҲНИ мебошанд, ки он дар кишвари мо ҳамчун ташкилоти терористию экстремистӣ эътироф шудааст.
Дар навиштаи ин муаллифон, аз қабили Муҳаммадиқболи Садриддин, Сайидюнуси Истаравшанӣ, Илҳом Ёқубов, Темур Варқӣ ва амсоли онҳо дастовардҳои ҷумҳурӣ дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ умуман ба назар гирифта нашуда, балки бо амри хоҷагони хориҷиашон кӯшиш мекунанд маводҳоеро ба хонанда пешниҳод намоянд, ки онҳо дур аз ҳақиқатанд.
Мақсади асосии нафарони дар боло номбурда шуда аз байн бурдани оромӣ, ба вуҷуд овардани низоъҳои дохилӣ ва дар асоси он соҳиб шудан ба ҳокимият бо роҳи ғайриқонунӣ аст. Онҳо мехоҳанд ранги Белорусия дар Тоҷикистон ҳам майдону майдонбозӣ шавад. Бо навиштани «мақолаи дурӯғини» худ гуфтаҳои болоро исбот карда истодаед.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз интихоб гардидан ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон 19 ноябри соли 1992 ҷони худро дареғ надошта, барои оромиро дар кишвар ҳукмрон намудан кӯшиш карданд.
Бояд зикр намуд, ки ин марди хирадманд Истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин намуда ба низои дохилӣ (ҷанги шаҳрвандӣ) хотима бахшид, тартибу низом, сулҳу осоиш ва ризоияти ҷомеаи Тоҷикистонро таъмин намуд, бозгашти гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба зиммаи худ гирифта, онҳоро баргардониданд. Ташаббусҳои худро нисбат ба ислоҳотҳои сиёсӣ, қабули Конститутсия, Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ нишон дода, кишварро аз бўҳрони иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва маънавӣ берун овард. Қувваҳои сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба муқобили терроризми дохилӣ ва байналхалқӣ равона сохта амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин ва мустаҳкам намуд. Обрўву нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи байналхалқӣ баланд бардоштанд.
Имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон воқеоти аввалҳои соли 90-уми қарни гузаштаро хуб дар ёд доранд, ки ба туфайли ба майдони сиёсат ворид гардидани ҳизби наҳзат аҳолии кишвар номи бунёдгароро гирифта, миллионҳо нафар ба Афғонистону кишварҳои дигар фирорӣ гардиданд, беш аз 150 ҳазор бар асари ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ қурбон шуда, хисороти молии ба ҷумҳурӣ ворид гардида миллиардҳо доллари амрикоиро ташкил дод.
Миллати тоҷик ба наҳзатиёни хоин акнун бовар намекунанд. Балки онҳоро чун ватанфурӯш ва хиёнаткори миллат мешиносанд ва эътибор ба суханҳои бӯҳтономезонаи онҳо намедиҳанд. Дар Тоҷикистон интихоби президентӣ аз рӯи қонун ва санадҳои меъёрӣ-байналмилалие, ки онро Тоҷикистон қабул кардааст гузаронида мешавад. Номзадҳои арзанда ба рақобати солим дохилшуда, барои курсии Раисҷумҳурӣ муборизаи сиёсӣ мебаранд. Халқ ва шаҳрвадони мамлакат танҳо ҷонибдорӣ номзади арзанда ҳастанд.
Қаҳҳоров У.А. – ассистенти кафедраи
таърихи халқи тоҷики ДДҲБСТ