Мавқеи рӯҳониён: ихтилофи назарҳо!
Дар ҷомеаи имрӯзаи мо мақому манзалати рӯҳониён ва ё домуллоҳо баръало намудор аст. Мардум ба саволҳои на танҳо диниву мазҳабӣ, балки рӯзмарраи худ ба рӯҳониён ва ё муллоҳо рӯй меоваранд. Ба рӯҳониён бо ибораҳои “мулло”, “домулло”, “ҳоҷӣ-домулло”, “эшонбобо”, “қозӣ-домулло”, “имом” ва амсоли ин муроҷиат намуда, ҳар як сухани онҳо барои худ ҳамчун қонун ва фармудаи Яздони пок қабул менамоянд.
Дар мамлакати мо то миёнаҳои солҳои 90-ум муллоёни расмӣ аксаран аз ҷониби Идораи қозиёти Тоҷикистон ва айни ҳол Шӯрои уламо таъин ва ба вазифаи имоми масҷид муайян мешаванд. Аксари рӯҳониёни он давра хатмкардагони мадрасаву макотибҳои олии минтақаи Осиёи Марказӣ, ба мисоли Самарқанду Бухоро, Намангону Фарғона, Хуҷанду Истаравшан ва Тошканд буданд. Баъди расидан ба истиқлолияти комили сиёсиву динӣ ба мардуми мо фазои мусоид барои озодиҳои диниву мазҳабӣ фароҳам омад. Ҷавонони нав мактабу омӯзишгоҳҳои таълимиро хатм намуда, роҳ ба сӯи макотибҳо ва мадрасаҳои динии хориҷ рӯй оварданд. Аз ҷумла Исломобод, Маккаву Мадина, Қуму Мозандарон, Теҳрону Исфаҳон, Қоҳираву Толиқон ва амсоли инҳо баҳри омӯзиши аркони дин раҳсипор шуданд. Мутаассифона дар аксари муассисаҳои динии хориҷа таҳсилу тадрис дар асоси дигар мазҳаб рӯи кор меомад ва аксаран муллобачагон ба ин сарфаҳм намерафтанд. Маҳз баъди итмоми мадраса аксари ҷавонон ба зодгоҳи худ баргаштанд ва ба худ унвони баланди “домулло”-ро соҳиб шуданд. Дар ҳамин давр дар ҷомеа ихтилофи назарҳо нисбати саволҳои динӣ ба миён омад. Муллое, ки солиёни зиёд ҳамчун рӯҳонии расмиву суннатӣ амал менамуд ва дар ин ё он масҷиду мадраса адои вазифа мекард, сухани онро “муллобачаҳои навбаромада” инкор мекарданд. Дар деҳаву русто ва шаҳру ноҳияҳо теъдоди масҷидҳои нав зиёд гардида, муллобачаҳои навбаромода мартаби имомиро соҳиб мегаштанду нисбати руҳониёни расмӣ ва суннатӣ ҳаргуна суханҳои пасту баланд зада, фатвои онҳоро ботил эълон мекарданд. То ҳатто байни рӯҳониён як бадбинӣ нисбати якдигар ҳам сар зада буд, ки ин ҳама ба ихтилофи ақидавиро дар ҷомеа рӯи кор овард. Нафари оддӣ барои гирифтани ҷавоб ба саволҳои динии худ ба ҳардуи онҳо муроҷиат менамуд ва ҷавоби гуногунро мегирифт. Аз ҷумла рӯҳони расмии мо ба саволи “Оё зиёрати мазору қабристоне, ки падару модар ва ё ягон нафари дигар қабр шуда”-ро иҷозат диҳанд, пас рӯҳониёни ғайрисуннатӣ онро маҳкум мекарданд ва бидъат ҳам эълон менамуданд. Аз қафои пайравӣ ба рӯҳониёни ғайрисуннатӣ тӯдае аз нафарони гумроҳ ба назди падару модари худ омада онҳоро мутаҳҳам мекарданд, ки никоҳи онҳо хато асту бояд аз сари нав байни худ волидон никоҳ кунанд.
Ин ҳама боис гашт, ки тӯдае аз мардум дар мобайни гирдоб боқӣ монанд. Доири ҷавоби саволҳои худ намедонистанд, ки ба кадом мулло бовар кунанд. Минбари масҷиду исломро нафарони тасодуфи азбарнамуда буданд ва байни онҳо як худ мусобиқае мерафт. Мумкин аст, бигӯем, ки маҳз мавқеи рӯҳониёни расмиву ғайрирасмӣ боис гашт, ки дар байни ҷомеа ақидаҳои ифротгароӣ, тундгароӣ ва бегонапарастӣ реша давонад. Мутаассифона аз байни рӯҳониёни расмӣ нафароне баромаданд, ки ба сафи ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ пайваст шуда, аз қафои худ чандин нафарро ифротӣ карданд. Гап дар сари он аст, ки баъди ин амал муносибат ва эҳтироми мардум нисбати рӯҳониёни расмӣ каме коста гашт. Аз вазъияти ба амаломада чала-муллоҳо хуб истифода бураданд. Ин турфа муллоҳо аз худ дар баъзе ҳолатҳо худотарошӣ мекарданду ба амалҳое даст мезаданд, ки на ба дину ва на ба диёнат рост меояд.
Идибек Зиёев масъули раёсати умури дини Вазорати фарҳанги мамлакат дар гузориши худ ба Радиои озодӣ таъкид намуд, ки “Рӯҳониёне ҳам дорем, ки дар суханрониҳои худ гоҳо ба ифротгароӣ роҳ медиҳанд”. Дар гузориши худ расман ягон домулло ва ё рӯҳониро ном нагирифт, аммо аз зиёдаравии баъзе аз онҳо сухан кард. Дар муҳити шаҳр мумкин рӯйоварӣ ба мулло камтар бошад ва ин ҳам нишонаи глобализатсия унвон карда метавонем. Аммо дар руставу деҳаҳо то ҳол мавқеи рӯҳониён ба андозае бузург аст. Дар ҳама ҳолат муллоро эҳтиром кардан, маслиҳату машварат ва дуо гирифтан мисоли зиндае аст. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда то ба ҳол ҳолатҳое ҳастанд, ки аз мавъизаҳои якрангаву дилхарош ва ба мансаби муллои расмӣ омадани баъзе нафарони тасодуфӣ, каме бошад ҳам ба мақоми рӯҳониёни расмӣ таъсири манфӣ мерасонад. Лек дар ҳамаи шаҳру ноҳияи мамлакат рӯҳониёни расмие ҳам дорем, ки мардум аз қафои сухани онҳо даст ба амалҳои нек, ободонӣ созандагӣ ва бунёдкорӣ мезананд. Хушбахтона то кунун рӯҳониёни расмӣ ҳамчун барандагони сиёсати расмии давлату ҳукумат хизмат менамоянд. Аз назари коршиносони соҳаи дин ин омил ҳам боис мешавад, ки рӯҳониёни ғайрисуннатӣ, муллоҳои расмиро бо ҳаргуна баҳонаҳои беасос мутаҳҳам мекунанд.
Дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ ва дастрасии зиёд ба шабакаҳои иҷтимову сомонаҳои интернетӣ боис гашт, ки иддае аз гумроҳон фазои холиро барои манфиати худ истифода баранд. Қисме аз мубаллиғони ташкилотҳои ифротгароӣ соатҳои дар шабакаҳои иҷтимоӣ, агар солҳои пеш тариқи “Одноклассники” (Ҳамсинфон), баъдан “Фейсбук”, “Телеграмм” ва айни ҳол тариқи “Ютуб” каналу саҳифаи худро боз намуда, корҳои таблиғотии худро оғоз намудаанд. Мутаассифона дар ҳолати ба миён омадани саволҳои динӣ ва маҳзабӣ айни ҳол мардум ба дари муллову эшони расмӣ кам дар кам рӯй меоранд. Аз ҷумла дар шароити пандемияи ҷаҳонӣ, ки дари масҷиду мадрасаҳо бастааст, дарёфт кардани муллои суннатӣ ва расмӣ боз ҳам мушкилтар гардид. Пас роҳи осон ва ҷавоби зуд ин шабакаҳои иҷтимоӣ ва ё интернет буда, маҳз рӯҳониёни ғайрирасмӣ ва ғайрисуннатӣ аз он моҳирона истифода мебаранд ва ҷавоб медиҳанд. Коршиносон дар он ақидаанд, ки танҳо худи мубаллиғони ташкилоти ифротӣ дар Тоҷикистони мамнӯи “Давлати исломии Ироқу Шом” ақидаҳои ифротии худро дар минтақаи Осиёи Марказӣ аввалан бо забони ӯзбекӣ, сониян бо забони русӣ, ки ҳамчун забони дуюм дар минтақаи мазкур ҳисобида мешавад васеъ истифода мебаранд. Бо забони тоҷикӣ, қазоқӣ, қирғизӣ ва туркманӣ камтар маводу гузоришҳо омода менамояд. Бо ин амал онҳо маҳз фикру ақидаи худро тарғиб намуда, ҳам тарафдорони худро зиёд менамоянд ва ҳам мавқеи рӯҳониёни расмиро танг мекунанд.
Агар мантиқан таҳлил намоем мебинем, ки нисбати солҳои пеш имрӯзҳо мардуми мо то андозае сомонаҳои интернетиро бомаврид истифода мебаранд. Барои дастрасӣ ба муллоҳои расмиву суннатӣ ва ҷавоб гирифтан ба саволҳои худ метавонанд ба Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи дин, танзима анъана ва ҷашну маросимҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон , Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд. Масалан худ Шӯрои уламо ҳамчун ниҳоди расмии динӣ дар мамлакат ба ҳисоб рафта, фатвои динӣ барои мусалмонои Тоҷикистон маҳз аз ҳаминҷо дода мешавад. Сомонаи расмии он www.shuroiulamo.tj аз соли 2014 амал намуда, дар дохили он бахши махсуси “Саволу ҷавоб” фаъолият менамояд. То кунун дар ин бахш беш аз 2460 саволу ҷавоб байни шаҳрвадони мамлакат ва Шӯрои уламо амалӣ гашта, ҷавобҳои мушаххас дар доираи таълимоти мазҳаби ҳанафӣ дода мешавад. Аммо кам мардум ин сомонаро медонанд ва ба он муроҷиат менамоянд. Мутаассифона дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ё Ютуб саҳифаи худро надорад. Дар маҷаллаи “Дин ва ҷомеа”-и Кумитаи дин, танзима анъана ва ҷашну маросимҳо бошад тариқи чопӣ метавонанд дастрас намоянд ва дар он мақолаҳои илмиву саволҳои ҷавобҳо инъикоси худро меёбад.
Зимни таҳлил муайян гардид, ки аз байни рӯҳониёни расмӣ ва муллоҳои суннатӣ шумораи ниҳояти ками онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифаи худро боз намудаанд. Танҳо Ҳоҷӣ Мирзо дар “Ютуб” саҳифаи расмии худро боз намудаанду ба саволҳои мардум ҷавоб мегардонанд ва дар байни мусалмонон маҳбубияти зиёде доранд. Оиди рӯйоварии муллоҳо ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва пуркардани фазои холиро домуллои мазкур дар мусоҳибаи худ бо рӯзномаи СССР чунин баён намудаанд: “Як замоне шудааст, ки тарғиботу ташвиқотро бештар бояд созем. Натанҳо тариқи матбуот балки тариқи тамоми шабакаҳои интернетӣ бахусус тариқи ютуб бояд таблиғу ташвиқ созем. Вазъият хуб имрӯз хеле печида ва мураккаб аст, душманони мо аз ин фурсатҳо истифода намуда истодаанд. Имрӯз бояд моро имконият диҳанд. Ҳар нафаре, ки дар ҷомеа шунаванда ва мухлис дорад бояд ба онҳо имконият диҳанд, ки барои беҳбудии ҷомеа, барои суботи ҷомеа талош намоянд. Онҳоро маҳдуд сохтан лозим нест! Гумонҳои нодуруст ва ғаразнокро бояд дур созанд. Мақсади мо ором сохтани ҷомеа, суботу якдилӣ ва ҳифзи мазҳаби муаззами ҳанафист. Агар дар мо бошад нафароне, ки Абуҳанифа Нӯъмон ибни Собитро хуб муаррифӣ кунанд, дигар мардуми мо на ихвонӣ мешуданду на салафӣ мешаванду на таҳририву на наҳзатӣ ва на шиа. Агар ба мо иҷозат диҳанду минбар диҳанд, Иншоаллоҳ, ки мазҳаби бузурги ҳанафиро муаррифӣ месозем”.
Пас метавон хулоса баровард, ки дар ҳолати ҳарчӣ зиёдтар наздикшудани рӯҳониёни расмӣ дар ҷомеа имконияти муллоҳои ғайрирасмиро тангт намуда, фикру ақидаҳои ифротиву тундагароиро несту нобуд мекунад. Дар ин ҷода муколамаи дин ва давлат бояд хуб кор кунад. Олимони соҳаи диншинос ҳам бояд дар қатори муллоҳои расмӣ ва дар ҳамбастаги бо ҷомеаи шаҳрвандӣ баҳри пешгирӣ аз густариши ақидаҳои ифротӣ дар ҷомеа якҷоя кор кунанд. Баҳри иҷрои рисолати илоҳӣ ва шаҳрвандӣ, пуштибонии бевоситаи мақомотҳои қудратӣ, Шӯрои уламо ва ҳам далериву ҷасурии худи рӯҳониён зарур аст. Ихтилофи фикри дар ҷодаи дин ва мазҳаб агар пешгирӣ карда нашавад, оқибат он ба ихтилофи маҳзабӣ ва сипас ба низои дохилӣ оварда мерасонад, ки мисоли зиндаи он давлатҳои Шарқи наздик аст.
Қурбонов Ҳаётҷон – хабарнигори
рӯзномаи донишгоҳии “Маъвои хирад”