Иғвогариҳои пай дар пайи Ахбор.ком

Имрӯзҳо ашхосе пайдо шудаанд, ки васоити ахбори умумро ба майдони муҳориба табдил додаанд.

Аз қадим мардумон ба васоити истифодаи матбуот бо ҳам муколама мекарданд, аммо бо фактҳои тасдиқ шуда ва асоснок. Имрӯз бошад бе ягон асос ва факту рақам шахсони алоҳида, худро журналист тарошида, ҳарчизеки ба хотирашон тавлид мешавад баромад мекунан, аммо бе далел ва беасос.

Аз бузурге пурсиданд: “Ба ту бародар беҳ аст ё дӯст ”. Дар ҷавоб гуфтааст бародаре, ки дӯст бошад. Аҷоиб он аст, ки бародарони як миллат аз хориҷи кишвар истода ба муқобили миллат ва ватани худ шарм надошта бо тӯҳмат ва гапҳои беасос баромад мекунанд. Онҳо фикр намекунанд, ки мардуми тоҷики имрӯза он мардуми солҳои 90-уми асри гузашта намебошад, ки имрӯз мардуми мо хусусан ҷавонони бебоки тоҷик аз гузаштагон ибрат гирифта, зирак ва ҳушёр шудаанд, то хатогиҳое, ки солҳои пеш аз нодони ба коми ҳар гуна лидерон туъма гашта худашон ва атрофиёнашонро ба доми оташ андозанд.

Имрӯз ҳама ба воситаи ахбори умум ба тариқи интернет ва шабакаҳои телевизионҳои гуногун дастрас мебошанд. Бинед чи қадар мардуми халқиятҳои гуногун, пештар зиндагии ором ва рӯзгори осоишта доштанд, имрӯз сарсону саргардон дар кишварҳои бегона азият мекашанд.

Ин ҳама бесарусомониҳо, ки ба сари мардуми оддӣ ва заҳматкаш омадааст масъули дастони “пешвоён”-е , ки фикру хаёли ботил доранду мехоҳанд ба оромию осоиштагии мардум халал дода, мардумро ба муқобили якдигар хезонида худ ба ҳадафҳои ботили бирасанд.

Худ андешед, ки имрӯз мо чи қадар рӯзгори осуда дорем, ин фазое, ки парвардигор ба мо арзони намудааст бо заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мо омада расидааст. Кадом одами солимақл мехоҳад, ки боз фарзандон бепадар, занон бе шавҳар ва модаронро зери силаи ашки сӯзон бинад.

Ман бовари дорам, ки мардуми бошарафи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ин суханони пучу беасос, ки аз тарафи расонаҳои хориҷи нисбати Ҳукумати Тоҷикистон гуфта мешавад фирефта нашуда баҳри созандагию ободии ватани азизи худ камари ҳиммат мебанданд. Чунки истиқлолият ва сулҳу осоиштаги ба мардуми тоҷик ба осони  дастрас нашудааст, бинобар ин ба қадри ин неъмати бебаҳо, ки мо дорем бояд расид ва онро аз чашмони бадбиноёнаи душманони миллату ватан эҳтиёт кард.

Боварии амиқ дорам, ки мардуми тоҷик ҳеҷгоҳ ба суханони беасоси хабарнигорони қаллобии хориҷиён ба мисоли М.Салимпур  фирефта намешаванд ва ин шахсони суханбоз ҳеҷгоҳ ба мақсади худ намерасанд.

Саломов С. – сармуаллими кафедраи

иқтисоди ҷаҳонии ДДҲБСТ

You might also like