ДДҲБСТ: Таҳсил аз рӯи ихтисосҳои наву замонавӣ

Тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз  санаи 22 июли соли 2020 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон нишасти матбуотии ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода бо намояндагони васоити ахбори омма оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти  донишгоҳ дар нимсолаи аввали соли 2020 доир гардид.

Сарвари донишгоҳ  аз дастовардҳои давраи ҳисоботӣ мухтасар маълумот дода, афзуд, ки дар ҳошияи дастуру супоришҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳайати профессорону омўзгорон ва донишҷўёни донишгоҳ ба дастовардҳои назаррас соҳиб гардиданд. Қайд шуд, ки аз соли хониши 2020-2021 бо назардошти ихтисосҳои наву замонавӣ аз ҷумла, ихтисосҳои соҳибкории иҷтимоӣ, иқтисодиёти рақамӣ, информатика, математика ва информатика, забони англисӣ таҳсил дар донишгоҳ аз рўи 39 ихтисос ба роҳ монда мешавад.

Ҷиҳати такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русиву англисӣ дар 16 гурўҳи академӣ бо забони русӣ, 5 гурўҳи академӣ бо забони англисӣ ва 2 гурўҳи академӣ бо забони хитойӣ машғулиятҳо доир гардида, 35 нафар хоҳишмандон курси кўтоҳмуддати забономӯзии назди донишгоҳро хатм намуданд ва вохӯрии профессорони Донишкадаи Конфусия низ бо донишҷӯён ба роҳ монда шуд, зикр гардид дар нишасти матбуотӣ.

Баргузории конференсияи «Рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар низоми ташаккулёбии иқтисодиёти рақамӣ», семинари илмию назариявии ”Муаммоҳои мубрами фанҳои риёзӣ ва татбиқи онҳо” бо ҷалби олимону мутаххасисони соҳаи математика, ҷорӣ намудани ихтисосҳои соҳибкории иҷтимоӣ, иқтисодиёти рақамӣ, информатика, математика ва информатика, ғолибияти муҳассилини донишгоҳ дар Интернет – олимпиадаи кушоди байналмилалии донишҷўён аз фанни математика, баргузории озмуни донишгоҳии “Истеъдод” барои дарёфти навоварон ва ихтироъкорони ҷавон ҷиҳати татбиқи  барномаи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” роҳандозӣ шуданд, зикр дошт роҳбари донишгоҳ.

Ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия дар донишгоҳ диққати аввалиндараҷа дода мешавад, ки дар натиҷа аз 3396 нафар донишҷўёни шуъбаи рўзона, ки ба сесияи тобистона роҳ дода шуданд,  419 нафар бо баҳои “аъло”, 794 нафар бо баҳоҳои “хубу аъло” ва 1921 нафар бо баҳои “омехта” ҷамъбаст намуданд, ки ба 98,7% баробар аст.  Сатҳи донишазхудкунии донишҷўён дар шуъбаи рўзона 91,1%-ро  ташкил дод. Ҳамзамон, донишҷӯёни донишҳгоҳ дар олимпиадаи Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Интернет – олимпиадаи кушоди байналмилалии донишҷўён, аз фанни математика иштирок карда, ғолибият ба даст оварданд. Дар ин давра гирандагони стипендияҳои номӣ-1 нафар гирандаи стипендияи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 21 нафар стипендияи Раиси вилояти Суғд, 4 нафар стипендияи Раиси шаҳри Хуҷанд, 24 нафар стипендияи раёсати донишгоҳ буданд, ки дар қиёс ба солҳои қаблӣ афзудааст.

Дар самти таҳким бахшидани иқтидори илмӣ ва  ҷорӣ кардани ихтироот дар истеҳсолот 1 нафар рисолаи докторӣ, 5 нафар рисолаҳои номзадӣ ва  дар Шўрои диссертатсионии назди донишгоҳ 4 рисолаи илмӣ ба дифоъ расида, 3 нафар устодон соҳиби дипломи дараҷаи номзади илми Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Русия,  1 нафар бо аттестати профессорӣ, 2 нафар бо аттестати дотсентӣ ва 4 нафар сазовори дипломи дараҷаи номзади  илми Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд, иброз шуд дар баромади ректори донишгоҳ.

Илова гардид, ки лоиҳаҳои грантӣ – лоиҳаи «Ҷалби духтарони деҳотӣ ба таҳсилоти фосилавӣ», лоиҳаи мобилӣ дар якҷоягӣ  бо  Элейн Мковн, Менеҷери байналмилалии рушди Коллеҷи Минтақаи Ҷанубу Шарқӣ (SERC) (Бритониё) оид ба мубодилаи омузгорони донишгоҳ  ва Коллеҷи Минтақавии Ҷанубу Шарқӣ (Британияи Кабир) ва дар заминаи фаъолияти озмоишгоҳи инноватсионӣ ва Парки технологӣ 13 лоиҳаҳо тадбиқ шуда, барномаҳои гуногун ва  як ихтирои ҷадид бо номи Санитайзер ё худ таҷҳизоти безараркунанда барои пошидани маҳлули зиддивирусӣ (антисептикӣ) рӯи кор омад. Дар баробари ин, муддати ду моҳи охир  вусъат бахшидани  корҳои фаҳмондадиҳӣ ва безараргардонӣ, захираи навъҳои гуногуни маҳлулу маводи зиддивирусӣ, ниқобҳои яккаратаву бисёркарата ва дигар ҷиҳозу маҳсулоти зарурии пешгирикунанда, дар истгоҳи нақлиётӣ, майдончаҳои варзишӣ, кӯчаву хиёбон, мағозаҳо ва роҳраву нақлиёти ҷамъиятӣ насб намудани варақаҳои иттилоотии пешгирикунанда аз бемориҳои сироятӣ, тақсими ройгони навъҳои гуногуни маҳлулу моеҳои зиддивирусӣ, ниқобҳои яккаратаву бисёркарата ва дигар ҷиҳозу маҳсулоти зарурии пешгирикунанда, сафарбар намудани  устодони донишгоҳ ба мусоҳибаи шабакаи телевизионии вилоятӣ ва маҳаллӣ, баргузории аксия,  ба роҳ мондани дӯхтани ниқобҳои яккаратаву бисёркарата аз ҷониби маҳфили доимоамалкунандаи “Ганҷинаи ҳунар” корҳое буданд, ки тибқи нақшаи чорабиниҳои Ситоди донишгоҳӣ оид ба пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ ба анҷом расонда шуданд.

Дар асоси шартномаҳои ҳамкорӣ бо муассисаҳои илмию таълимии хориҷи кишвар ва барномаи табодули донишҷўён, 5 нафар муҳассилин дар Донишгоҳи миллии Авруосиё ба номи Л.Н. Гумилёв (Қазоқистон), дар доираи бурсияи магистратураи ДСҲШ 2 нафар ҳатмкунандаи донишгоҳ дар магистратураи Донишгоҳи давлатии Алтай, 3 нафар дар Донишгоҳи давлатии Урал ва 1 нафар дар доктарантура (PHD)-и Кореяи Ҷанубӣ таҳсил менамоянд.

Пас аз маълумоти мухтасари ректори донишгоҳ рӯзноманигорон  Ҷовиди Аштӣ- хабарнигори  рӯзномаи “Ҷумҳурият”,  Алишери Толиб- хабарнигори АИ “Суғднюс”, Муниса Атаева – хабарнигори “ШТР Азия”, Мирзоаъзам Мақсудов хабарнигори “Садои мардум”, Ӯғулой Раҷабова-хабарнигори ТВ “7-ситора”, Усмон Раҳмонзода-хабарнигори “Ҳафтаномаи Тоҷикистон” доир ба таъсирии бемориии  коронавирус ба сифати таҳсилот ва роҳҳои пешгирии он, омодагӣ ба соли нави таҳсил, таъмини хатмкунандагон бо ҷойи корӣ, таваҷҷӯҳ ба омӯзиши фанҳои дақиқ, заминаҳои моддию техникӣ дар баргузории машғулиятҳо тариқи фосилавӣ суолҳо пешниҳод карда, посухҳои мушаххас гирифтанд.

Дар интиҳо сарвари донишгоҳ саҳми  васоити ахбори оммаро дар инъикоси дастовардҳои донишгоҳ назаррас арзёбӣ намуда, рӯзноманигоронро ба идомаи ҳамкорӣ даъват кард.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like