ДДҲБСТ: Тақдими таҷҳизоти безараркунанда ба беморхона

Имрўзҳо ба хотири пешгирии бемории сироятии COVID-19, ки тамоми ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, ҳар як фарди меҳанпарасту миллатдўст мехоҳад заррае бошад ҳам дар роҳи пешгирии он саҳме дошта бошад.

Чи хеле ки пештар хабар дода будем, иштирокчии барномаи “Пешсаф”-и озмоишгоҳи инноватсионии назди Парки технологии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Саидҷон Асроров дастгоҳе ихтироъ намуд,  ки имрўзҳо  зарурият ба он дар ҷомеа зиёд аст. Дастгоҳ Санитайзер ё худ таҷҳизоти безараркунанда буда, вазифаи он ба таври худкор (автоматӣ) безараргардонии дастон мебошад.

Таҷҳизоти мазкур дар биноҳои маъмуриву таълимии ДДҲБСТ гузошта шуда, мавриди истифода қарор дорад.  Ихтироъкорон теъдоди истеҳсоли дастгоҳро  зиёд менамоянд, то ки ба дигар муассисаҳои иҷтимоӣ дастас шавад.

Имрўз як адад чунин дастгоҳ ба Маркази бемориҳои дил, ҷарроҳии дилу рагҳои вилояти Суғд тақдим карда шуд.  Сардухтури беморхона Ҳабибулло Хайруллоевич ва муовини сардухтур Муҳтарама Раҳимова аз ин иқдоми наҷиб изҳори хушнудӣ карда, ба раёсати Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон барои омода намудани  шогирдони болаёқату ихтироъкор изҳори сипос намуданд.

Бо назардошти вазъи кунунӣ дар даромадгоҳи тамоми ташкилоту муассиса ва корхонаҳо  барои пешгирӣ аз бемории ҳамагири каронавирус нафаре барои пошидани маҳлули зиддивирусӣ машғул аст. Аввалан, бартарияти таҷҳизоти безараркунанда аз он иборат аст, ки шахси барои пошидани маводи безараркунӣ машғулбударо аз сироятёбӣ эмин медорад. Сониян, таҷҳизот каммасраф буда, ҳамагӣ 12 в. қувваи барқ сарф мешавад. Ҳамзамон, арзишаш гарон набуда, ҳамаи қисмҳои эҳтиётии таҷҳизот молу маҳсулоти ватанӣ аст: – зикр дошт зимни сўҳбат директори Парки технологии донишгоҳ  Абдураҳмон Маҳмудов.

Итминон дорем, ки  амалӣ намудани чунин тадбир андаке бошад ҳам,  пеши роҳи паҳншавии минбаъдаи ин бемории сироятиро хоҳад гирифт.

 

You might also like