Баргузории аксия бо мақсади пешгирии коронавирус

Раёсати Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон корҳои пешгирикунандаро аз бемории ҳамагири коронавирус идома дод. Дирӯз дар бозори «Панҷшанбе» аксияи навбатии маърифатӣ доир гардид. Дар рафти ин чорабинӣ ба кормандон ва тоҷирони бозор, ҳамчунин харидорон ба миқдори 500 адад ниқобҳои муҳофизатӣ ва 200 адад варақаҳои иттилоотӣ аз ҳисоби ДДҲБСТ тақсим гардид.Дар ин чорабини раҳбарият ва кормандони КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд низ ҳамроҳӣ намуданд.

Зимни баргузории аксия иброз гардид, ки  чорабинии мазкур бо мақсади пешгирии сироятёбии шаҳрвандон аз бемории коронавирус, ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани сатҳи маърифати тиббии шаҳрвандон ва бурдани корҳои ташвиқотию тарғиботӣ роҳандозӣ гардида, ба шаҳрвандон тавсия дода шуд, ки ба қоидаҳои санитарию гигиенӣ қатъиян риоя намуда, беҳуда ба кӯча набароянд ва ҳатман аз ниқобҳои муҳофизатӣ истифода баранд.

                                                                               Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

 

 

 

 

You might also like