Эй хуш он ном, ки чун номаи фардо монад…
Марги инсонҳои бохираду наҷиб, покизатинату покназар ва фардҳои сарсупурдаи аҳли ҷомеа барои пайвандон, ҳамкасбон ва шогирдон сахту ҷонкоҳ аст. Хабари марги олим, муаррихи тавоно, доктори илмҳои таърих, профессор, Исмоилова Бисабоат Исмоиловна қалбҳои аҳли раёсат, ҳайати профессорону омўзгорон ва донишҷўёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро андўҳгин сохт.
Бисабоат Исмоилова инсони нексиришт, олими пурмаҳсул, доктори илмҳои таърих, профессор аз чеҳраи дурахшони илму маорифи кишвар буд, ки бо фаъолияти вусъатбор, натиҷаи пажўҳиши дақиқназарона ва дорои аҳамияти назариявию амалидошта дар баланд бардоштани рушди илм, сатҳи маърифати касбӣ ва омода намудани шогирдону мутахассисони ояндасози меҳан саҳми беназир гузошт. Имрўзҳо шогирдони тарбиянамудаи омўзгори асил ва олими шинохта Б.Исмоилова дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат ва берун аз он фаъолияти пурсамар мебаранд.
Қобили зикр аст, ки маҳз бо азму талош ва меҳнати содиқонаи Бисабоат Исмоилова барин омўзгорони пуртаҷриба ва олимони боистеъдод боргоҳи маърифати мо эътибори хоса пайдо намуда, комёбиҳои беназир дар ҳамаи ҷабҳаҳои фаъолият ба назар мерасад. Кору пайкор ва нигоҳи олимаи барўманд худ тарбия буд. Ҳамчун нерўи созандаи ҷомеа умри хешро баҳри рушди соҳаи маориф, маърифатнокӣ, тарбияи насли хушахлоқу бомаърифат ва созанда сарф намуд.
Ҳаёт ва фаъолияти олимаи шинохта бо таърихи дирўзу имрўзи кишварамон пайвасти ногусастанӣ дошту саросар пажўҳишоташ инъикосгари масъалаҳои сохти иҷтимоӣ, вазъи сиёсию иқтисодӣ мебошад.
Самараи заҳматҳои бисёрсолаю софдилонаи Б.Исмоилова дар соҳаи илму маориф, ба табъ расонидани осори мондагори илмию таълимӣ ва ба воя расонидани насли созанда бо унвони Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ифтихорномаҳои Вазорати маорифи Афѓонистон, КМ комсомоли Тоҷикистон сарфароз гардонда шудааст.
Б.Исмоилова аз зумраи ашхоси нексиришт буд, ба интизому тартиб, ҳисси баланди масъулият нигоҳи қатъӣ доштанд ва нисбат ба илму донишандўзӣ серталаб. Муносибати ҳалиму самимӣ, инсондўстӣ аз хислатҳои азалии устоди зиндаёд буд, ки дар дилу дидаи ҳамкасбон, устодону шогирдон сахт маъво гирифтааст. Ҳаёти рангину фаъол, хислатҳои фавқулодаи инсонӣ, маърифату истеъдод номи устодро вирди забонҳо медорад.
Хотираи дурахшони олим ва устоди покниҳод Бисабоат Исмоилова дар дилу дидаҳо чун номаи фардо, муҳаббатгоҳи аҳли дил, зиндагиномааш мактаби мењру садоқат ва манбаи ибрат ҳамеша ҷовидон хоҳад монд.