ДДҲБСТ: Идомаи кумаку ғамхориҳо дар пешгирии коронавирус
Ситоди донишгоҳии мубориза бар зидди бемории коронавирус, корҳои пешгирикунанда ва кӯмаку дастгирии кормандони соҳаи тибро идома медиҳад. Ин навбат раёсатии донишгоҳ тасмим гирифт, кормандони маркази саломатии №5-и шаҳри Хуҷандро бо хуроки гарм таъмин намояд. Кормандони донишгоҳ дар якҷоягӣ зери иқдомҳои неки роҳбарияти донишгоҳ ба ҳам омада, дар ин кори хайру савоб саҳмгузорӣ намуданд. Оши палав дар ошхонаи донишгоҳ омода гардида, нисфирӯзӣ ба маркази саломатӣ дастрас шуд. Раҳбарият ва кормандони ин муассисаи таббӣ аз ин амали неки инсонгароёнаи раёсати донишгоҳ шодмонӣ намуда, иброз карданд, ки дар ин рӯзҳои мушкил танҳо нестанд. Раёсати донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки ин қабил иқдомҳои шоистаро идома диҳад.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа








