Аз ҳамаҷо камбудӣ кобии Кабирӣ
Чунон ки ҳамагон огоҳ ҳастанд, дар кишвари азизамон якуми марти соли 2020 маъракаи муҳимми сиёсӣ, яъне интихоботи вакилон ба мақоми олии қонунгузори мамлакат – Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ баргузор гардид. Чорабинии мазкур дар доираи Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда, дар сатҳи баланди сиёсиву ташкилӣ ва бо ширкати фаъолонаи интихобкунандагон доир шуд ва мардуми шарифи Тоҷикистон ба хотири ояндаи неки кишварамон бо масъулияти баланд намояндагони шоиставу арзандаи худро ба парлумони мамлакат ва маҷлисҳои маҳаллӣ интихоб намуданд. Зеро интихоботи одилонаву шаффоф ва пазируфтани фарзандони лоиқи миллат ба ҳайси вакилӣ дар парлумону маҷлисҳои маҳаллӣ ин гарави пешрафти ҳамаҷонибаи Ватани маҳбуби мо мебошад.
Боиси тазаккур аст, ки интихоботи навбатӣ парлумонӣ дар фазои хеле ором ва фазои идона баргузор гардид. Дар ҳамаи ҳавзаҳои интихоботӣ барои интихобкунандагон, тамоми шароит фароҳам оварда шуда буданд, то ба номзади арзанда овоз диҳанд. Дар рўзи баргузории интихобот аз субҳ дар саросари мамлакат рӯҳияи идона ҳукмфармо буд. Мушоҳида мегардад, ки мардуми зиёд барои овоздиҳӣ дар навбат буданд. Ин аз он дарак медод, ки мардуми ҳама дар интихоби номзади арзанда хеле фаъол буданд. Кулли интихобкунандагон, ки ба саТЭТ ҲНИ бинои участка ва ҳавзаҳои интихоботӣ ҳозир шуда буданд, дар рўҳияи баланди ватандустӣ, меҳанпарастӣ ва аз ҳама муҳим бо эҳсоси шодӣ дар интихобот ширкат варзиданд.
Вале бо ҳамаи ин гуфтаҳое, ки асоси воқеӣ доранд нигоҳ накарда тавассути Радиои озодӣ бобати баргузории интихоботи парлумонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ, раиси ТЭТ ҲНИ, ки дар хориҷа аз Тоҷикистон қарор дорад, фикру андешаҳои беасоси худро баён кардааст. М. Кабирӣ дар сўҳбат бо Радиои озодӣ чунин иброз менамояд: «назари мо ин аст, ки ин поёни ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдат ва як ҷомеаи гуногунандеш аст ва оғози рафтани кишвар ба самти диктаторӣ ва якҳизбиву якнафарӣ».
Ҷавобан ба гуфтаҳои М. Кабирӣ чунин қайд намудан ҷоиз аст, ки воқеан дар интихоботӣ парлумонӣ баракси гуфтаҳои М. Кабирӣ мушоҳида гардиданд, яъне дар интихоботи парлумонӣ фазои якдигарфаҳмӣ, ваҳдат ва гуногунандешагӣ ҳукмфармо буд, ки вуҷуд доштани чунин фазо боиси рушди иҷтимоиву иқтисодии мегардад.
Инчунин Кабирӣ қайд намуд, ки «Агар мо дар интихоботи парлумонӣ ширкат меварзидем, мисли солҳои пешина, шиори аслии мо додани озодӣ ба мардум мешуд. Ман ба ин натиҷа расидам, ки дар Тоҷикистони мо, ки канданиҳои фоиданоки зиёд надорад, нефту газ надорад, он шиоре, ки аввал иқтисод, баъд демократия, ё озодӣ ба дард намехўрад. Дар Тоҷикистони мо, мисли Гурҷистон, ё кишварҳое, ки нефту газ надоранд, аввал озодӣ, аввал демократия, баъд аз ин беҳбудии иқтисодӣ ва иҷтимоӣ хоҳад омад. Яъне шиори мо аввалин иқдом додани озодӣ ба марду аст».
Ба ин гуфтаҳои Кабирӣ ва шиоре, ки ў пешниҳод менамояд ҷавобан чунин қайд намудан ҷоиз аст, ки муҳимтарин ҷанбаи ин раванди сиёсӣ барои кишвари мо дар фазои ором доир шудани он буд, зеро на дар ҳама кишвари олам ин маъракаи сиёсӣ оромона баргузор мегардад. Масалан, интихоботи президентие, ки дар Ҷумҳурии Афғонистон доир шуд, хеле дар фазои тарсу ҳарос гузашт. Таҳдидҳо аз ҷониби қувваҳои мухталифи низоъҷӯ ва экстремистӣ ниҳоят зиёд буданд. Дар ҳар лаҳза ва ҳар сония хатари тарконидани ин ва ё он участкаи интихоботӣ аз эҳтимол дур набуд. Бинобар ин, аксари шаҳрвандони синну соли интихоботӣ аз рафтан ва раъй додан ба номзадаи арзандаи худ худдорӣ карданд. Ин дар ҳолест, ки интихобот воситаи асосӣ ва ҳатто шакли беҳтарин ё ягонаи иштироки воқеӣ дар сиёсат ва идораи корҳои ҷамъиятию давлатӣ мебошад.
Яъне бо далели набудани субот омма аз иштирок дар раванди арзишманди сиёсию давлатдорӣ маҳрум мегардад. Хушбахтона, дар мисоли Тоҷикистон ин ҳолат истисно буд. Ваҳдати комил ва суботу хотирҷамъӣ имкон дод, ки ин маъракаи тақдирсози миллӣ бо шукӯҳи хосса баргузор ва ҷамъбаст карда шавад. Дарвоқеъ, мушоҳидаҳо нишон доданд, ки интихобот омили муҳимми боз ҳам таҳким ёфтани ваҳдати миллӣ ва сарҷамъии мардуми Тоҷикистон мебошад.
Бояд зикр намуд, ки марҳалаи муҳими интихобот натиҷагирӣ ё худ эълони ниҳоии раъйҳои додашуда ба номзадҳо буд, ки он бомуваффақият ҷамъбаст гардид. Дар ин марҳала нақши нозирон, шахсони боэътимоди номзадҳо ва воситаҳои ахбори омма хеле муҳим буданд, зеро онҳо бевосита раванди ташкил, баргузор ва натиҷагирӣ аз интихоботро назорат намуданд. Нозироне, ки аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ, давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ сафарбар карда мешаванд низ, вазифаи назорат карданро иҷро намуданд.Тибқи маълумоти расмӣ барои таъмини шаффофияти раванди интихобот, ба ҷуз намояндагони аҳзоби сиёсии кишвар ҳамчунин даҳҳо гурӯҳҳои коршиносони дохилӣ, садҳо нозирони байналмилалӣ ва теъдоди зиёди рӯзноманигорону намояндагони васоити ахбори оммаи дохилу хориҷи кишвар низ ҷараёни баргузории интихоботро дар ҷумҳурӣ назорат карда, дар бораи чигунагии баргузории ин чорабинии сиёсӣ ва сатҳи шаффофияти он изҳори назар намуданд.Дар маҷмӯъ, барои дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани интихобот ва таъмини шаффофияти онҳо, 230 мушоҳиди байналмилалӣ аз Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, Кумитаи иҷроияи ИДМ, Ҷумҳурии Беларус ва корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон ба қайд гирифта шуданд.
Темиров К.О. – ассистени кафедраи
молия ва қарзи ДДҲБСТ