«Бачаи хар яқин, ки хар бошад»

Соҳибистиқлол гаштани кишварамон дар таърихи бузурги халқи мо ҳодисаи бетакрори таърихӣ буда, барои шиносои симои миллати тоҷик ба замони имрӯза мақоми махсусро ишғол менамояд. Дар даврони истиқлолияти давлатии кишварамон назар афканем ба дастовардҳои бузургу шарафманд, ҳам дар сиёсати дохилӣ ва ҳам дар сиёсати хориҷӣ ноил гашт, ки ба таҳсин сазовор мебошад ва аз файзи истиқлолияти ҷумҳур ва баракати сулҳу Ваҳдати миллӣ яке аз кишвари ободу осоишта дар тамоми ҷаҳон муарриф гаштааст.

Вале, мутаассифона, бояд тазаккур дод, ки имрӯз на ҳама қадри ба ин замони фарахбахш мерасанд, на ҳама шукрона ба тинҷу оромӣ мекунанд.

Дар саргаҳи гурӯҳи носпос ва ватанфурӯш Муҳиддин Кабирӣ меистад. Ӯ ва гурӯҳи хурди ноқобили ифротгароёни динӣ, ки ба зиндагии осудаи мардуми раҳна андохта, бо дастури душманонаи бар зидди мамлакати соҳибистиқлол баромад намуда, бо хоҳиш разилонаи онҳо, яъне мардуми тоҷикро аз давлати миллӣ маҳрум кунанд ва дар тамоми оинаи таърих миллати кӯҳанбунёдро несту нобуд намоянд.

Мутаассифона таъкид ҷоиз аст, ки Кабирӣ ва гурӯҳи ӯ барои миллати тоҷик ягон хизмати хуби фоидаовар накардаанд, аммо худро шаҳрвандоне бузурги давлати мо мешуморанд, гуё онҳо барои давлати соҳибистиқлоли мардуми тоҷик хизмати шоиста адо карда бошанд. Кабирӣ ва гурӯҳи ӯ шахсони риёкор, хиёнаткор, дуруғгӯ, беномус мебошанд, ки ба шири поки модари худ ва ба кишвари ҷаннатмакони тоҷик хиёнат кардаанд.

Баъди  мутолиаи баромади онлайнии роҳбари Паймони миллии Кабирӣ, ки рӯзи гузашта тариқи шабакаи иҷтимоии Ютуб доир гашт,  ба чунин хулоса кард, ки ӯ яке аз лӯхтакчаи дар дасти хоҷагони хориҷӣ ба ҳисоб рафта, фикри солимии худро надорад.  Мардуми Тоҷикистон аллакай фаҳмиданд ки зери ниқоби Паймони миллии Тоҷикистон чӣ пинҳон будааст, хуб дарк карданд, ки бо саркардаҳои хориҷиашон ба ватану мардуми худашон хиёнат карда истоданд.

Имрӯз дар шароити ба даст овардани мустақилияти худ давлат ва шаҳрвадони ба нангу ору ва бо имони комил таъкид менамоянд, ки Кабирӣ ва гурӯҳи хурди ӯ ба ниятҳои ғаразонаи худ намерасанд ва ҳеч гоҳ расида ҳам наметавонанд. Чунки мо мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол хеч гоҳ ба доми он нафароне, ки ватани худро ва миллатро фурӯхтаанд намефуроем, онҳо ба ниятҳои худ намерасанд, ба он мо роҳ намедиҳем

Сарбаландона таъкид намуд, ки бар ҳимояи кишвари азизамон мардуми, бузург ҳастанд, ки ба монанди Асосгузори сулҳу ваҳдат – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомали Раҳмон ва дигар сиёсатмадорон ва шаҳрвандоне, ки ба баҳри ватан ҳиссаи худро, агар даркор бошанд ҷони азизи худро низ мебахшанд ва ин рафторро ҳамчун вазифаи азизи худ мешуморанд.

Агар бар зидди муаммоҳое, ки садди роҳи рушди ҳамаҷонибаи  мамлакатанд, мардуми тоҷик бояд якдилона баҳри тадбири амал намоем, ҳаракат намоем, ки он таззодиҳое, ки садди роҳамон вомехӯранд, ботавоноӣ ҳал намуда баҳри пешрафти ҷомеа кӯшиш ба харҷ диҳем, ҳамон вақт кишвари азизамон ба мақсадҳои бузурги худ оҷилона мерасад.

Ҷоизи зикр аст, ки мо ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд, якдилона ба баҳри кишвари азизамон хизмат намоем, дар пешрафти иҷтимоиву иқтисодии мамлакат ҳиссаи арзандаи худро гузорем. Дар мақолаи таҳлилие, ки зери номи «Тоҷик, тоҷикият, коронавирус ва нангу номус!” аз ҷониби кормандони илмии Институти Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон рӯи нашр омад аз нуқтаи назари илмӣ ба фаъолияти кунунии наҳзат баҳои дуруст додааст. Муаллифони мақола таъкид месозанд, ки “Наҳзатиҳо шабу рӯз худо мегуфтанд, ки коронавирус ба Тоҷикистон биёяд. Ҳама медонистанд, ки ин вабо дер ё зуд ба кишвари мо низ меояд. Аммо ҲНИ-чиҳои террорист пешопеш табли шодӣ мезаданду таҳлукаангезӣ ва тарсафканӣ мекарданд, яъне даст ба коре мезаданд, ки ҳатто душман намекунад.” Ба фаъолияти кунунии наҳзат нигоҳ карда як чиро метавон зикр кард, ки “худиҳо ба бегонаҳо кумак мекунанд”. Худӣ дар ин ҷо маҳз наҳзати наҳс бошад, бегонаҳо бошад хоҷагони хориҷии онҳост.

Ҳайитбоева Н. – н.и.и, дотсенти кафедраи

иқтисодиёти корхонаҳо ва минтақаи ДДҲБСТ

You might also like