Ғарази шахсии Ислоҳ.нет

Дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар ҳақақат ҳам зарари ақидаҳои хатарнок ва иғвоандозонаи ТЭТ ҲНИ ба амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар ба мушоҳида мерасад. Чунки ин ҳизби маъншудаи экстремистӣ мехоҳад оромии халқи тоҷикро вайрон созад.

Дар замони муосир, ки пешравии илму технологияи нав ба дараҷаи кайҳонӣ тараққӣ кардааст ба тариқи сомонаҳои иҷтимои роҳбарон ва пайравони ин ҳизби манъшуда идеологияи ҷангии худро паҳн карда, худро ҳамчун ғамхори аслии халқ метарошанд. Аммо мақсади аслии онҳо ғараз буда мехоҳад бо нияти нопоки худ сулҳро аз Тоҷикистон аз байн бурда худ ба сари ҳокимият оянд. Он лаҳзаҳои хунини солҳои 90-умро такрор кардан мехоҳанд.

Муҳаммадиқболи Садриддин дар мақолаи худ чунон ақидаҳои худро овардааст, ки онҳо ягон асли воқеъи надошта як иғвои соф мебошанд. Агар мо ба мақолаи ин афрод назар кунем гӯё чунин ба назар мерасад, ки дар Тоҷикистон озодии виҷдон ва эътиқоди дин мавҷуд нест. Ва дар баробари ин дар мақолаи ин хоини фосиқ симои роҳбари давлат ва як зумра роҳбарори мақомоти дигар таҳқир шуда чунин меҳисобад, ки гӯё Ҳукумати Тоҷикистон дар симои роҳбарияти худ аз хоини ватан Муҳиддин Кабири раиси ТЭТ ҲНИ метарсида бошад (?) ва манъ шудани фаъолияти ин ҳизб дар Тоҷикистон як бозии сохтаи ҳукумат бошад?

Албатта ин ягон асоси воқеъи надорад, аммо он мисолҳоеро, ки он овардааст ба фикраш асосҳои исбобшудаанд ягон асли воқеъи надорад. Гӯё, ки … тобистони соли гузашта Юсуф Раҳмон дар раъси ҳайати ҳукуматӣ дар нишасти Комиссиюни ҳуқуқи башари СММ дар Женева ширкат кард. Онҷо вай дар курсии бозрасу  муфаттиш ва додситон қарор надошт. Гузориши ҳукумати Тоҷикистонро бурда буд ва мебоист аз нукоти он ҳимоят мекард. Вақте бозрасони СММ аз ӯ суол мепурсиданд, посухҳое медод, ки аслан ба пурсиш рабт надошт. Худаш ҳам нафаҳмид, ки чиҳо гуфта истодааст. Аз посухи мустақим мегурехт. Бурдуовард мекард. Мисли донишҷӯи духон, талош мекард, ки сокит набошад. Гоҳ аз чӯл мегуфт, гоҳ аз биёбон. Мурғони ҳаво ба ҳолаш гиристанд. Бо фиристодани Юсуф Раҳмон ба ин нишаст ҳукумати муттаҳами муҷрим бадтар шармсор шуд. Ба хусус,ки ин нишаст бо ҳузури мухолифин ва аз ҷумла Муҳиддин Кабирӣ доир шуда буд. Дар оқибати кор чунин шуд, ки посухҳои ӯро қабул накарданд ва ӯро водор намуданд, ки ба таври хаттӣ ҷавоб диҳад.

Ҳол он, ки Юсуф Раҳмон дар ин нишасти СММ ба саволҳои дода шуда ҷавоби мушаххас гардонида пайваста таъкид ба он менамуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумат ба масъалаи озодии виҷдон ва эътиқод муносибати объективона дошта, кафолат ба он додааст, ки ҳама озодона мафкураи худро баён намояд.

Ҳатто дар мақолаи ин фосиқ бараъло ба мушоҳида мерасад, ки на ӯ ва на тарафдорони ҲНИ ороми ва сулҳи Тоҷикистонро намехоҳанд, чунки ӯ иштироки Пешвои миллатро дар ҳамоиши идонаи Наврӯз дар шаҳри Хуҷанд танқид карда бетарафии роҳбарияти Ҳукуматро дар масъалаи кумак расонидан барои зарардидагони сели деҳаи Ҳалкаҷари Хуросон ки аз офати ин табии 200 нафар одамон бе ҷойу хона мондаанд маҳкум менамояд.

Умуман мазмуни мақолаи ин фосиқро дуруғӯ сафсатаи холи ташкил дода ягон асос ба бовари надорад. Балки бо он асосҳое, ки он мисол овардааст гӯё мехоҳад ягон чизи ҳақиқатомезро ошкор созад.

Мо халқи тоҷик он хатогие, ки баъзе ҳаммиллатони мо дар солҳои 90-ум карда буданд такрор накарда худро ҳама вақт пайравони аслии сарвари давлат меҳисобем ва ба мустаҳкам намудани пояҳои демократии давлат ҳамаи кӯшиши худро равона месозем.

Болтуева М.Ё. – сармуаллимаи кафедраи

 ҳуқуқи гражданӣ ва меҳнатӣ ДДҲБСТ

You might also like