ДДҲБСТ: Чораҳои пешгирикунанда пурзӯр карда мешавад
Бо мақсади пешгирӣ аз ҳар гуна бемориҳои сироятӣ махсусан коронавирус дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон чораҳои пешгирикунанда пурзӯр карда мешавад. Аз субҳи рӯзи истироҳатӣ дар биноҳои асосиву таълимӣ, хобгоҳу китобхонаи донишгоҳ корҳои безараргардонӣ ҷараён гирифта, долону синфхонаҳои таълимӣ низ бо маҳлулҳои махсуси зиддивирусӣ поккорӣ карда шуданд. Ҳамчунин дар ҳама биноҳои маъмуриву таълимӣ ва хобгоҳи донишгоҳ эълону варақаҳои иттилоотии пешгирикунанда аз бемориҳои сироятӣ васлу насб гардидааст, ки он ҳушдор медиҳад то кормандону устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ аз хавф ва сироятёбии ин қабил бемориҳо ба таври зарурӣ огоҳ гарданд.
Зимни боздид аз хобгоҳи донишгоҳ мушоҳида гардид, ки дар инҷо низ корҳои пеҳшгирикунанда дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Донишҷӯёни хобгоҳ беш аз пеш ба тозаву озодагӣ диққати баланд дода, долону равзанаҳои хобгоҳ ва утоқҳоии хешро тозаву озода менамуданд. Раёсати донишгоҳ маҳлул ва дигар лавозимоти зарурии пешгирикунандаро ба онҳо муҳайё намудааст.
Чуноне, ки қаблан иттилоъ дода будем ҳамчунин барои ҷавондутарон хобгоҳ бо супориши сарвари донишгоҳ шароит муҳайё гардидааст, ки онҳо дар доираи маҳфили доимоамалкунандаи “Ганҷинаи ҳунар” дар вақтҳои фориғӣ ба дӯхтани ниқобҳои яккаратаву бисёркарата машғул гарданд. Ашёи хом, маҳсулот барои омода намудани ниқобҳо аз ҷониби раёсати донишгоҳ пурра таъмин гардидидааст.
Дар анбори донишгоҳ низ навъҳои гуногуни маҳлулу моеҳои зиддивирусӣ, ниқобҳои яккаратаву бисёркарата ва дигар ҷиҳозу маҳсулоти зарурии пешгирикунанда захира гардида, мавриди истифода қарор дорад. Ҳамарӯза толору долонҳои раёсат ва факултетҳои донишгоҳ бо маҳлулҳои махсуси зиддивирусӣ поккорӣ карда шуда, дар даромадгоҳҳо навбатдорон ба таври ҳамешагӣ ба тозаву озодагӣ эътибори ҷиддӣ медиҳанд.
















