Ҷамъбаст ва натиҷаҳои конференсияи «Рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар низоми ташаккулёбии иқтисодиёти рақамӣ» дар ДДҲБСТ
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёму суханрониҳои хеш ба масъалаи рушди илму инноватсия таваҷҷӯҳи хоса дода, рушди илмро дар солҳои соҳибистиқлолӣ ва саҳми онро дар пешрафти хоҷагии халқи мамлакат борхо таъкид кардаанд. Аз ҷумла, рушди илму инноватсия ва зарурати тақвияти ин соҳаҳои тақдирсози кишвар дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 махсусан таъкид гаштааст.
Баргузории конференсияи «Рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар низоми ташаккулёбии иқтисодиёти рақамӣ» дар ДДҲБСТ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, ба истиқболи 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рўзи илми тоҷик бахшида шуд. Давоми чор рӯзи ҳамоиш дар 28 бахш зиёда аз 600 маколаҳои илмии устодон ва муҳаққиқони чавон баррасӣ гардид, ки дар маҷмуаи маколаҳои конференсия нашр карда мешавад.
Баланд бардоштани сатҳи дараҷаи касбии хатмкунадагони мактабҳои олӣ ва рақобатпазир будани онҳо дар бозори меҳнат, раҳоӣ аз камбизоатӣ, заминистифодабарии оқилона, ки кафолати бехатарии озуқаворӣ ва офарандаи низом мебошад, мукаммал гардонидани қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷорӣ кардани пардохти андозҳои ҳисобшуда тариқи электронӣ, амалисозии лоиҳаи инноватсионӣ барои тақвият бахшидани илмҳои дақиқ, ҳамоҳангсозии лоиҳаҳои инноватсионӣ ва истеҳсолот, бунёди платформаҳо, алоқамандии илм ва истеҳсолот дар соҳаи илмҳои дақиқ ва техникӣ натиҷагирӣ аз ҷамъбати кори ҳамоиш мебошад, ки дар амалишавии чор ҳадафи стратегияи асосии давлат, бо пуррагӣ ҷорӣ намудани иқтисодиёти рақамӣ, рушди илмҳои дақиқ ва техникӣ, рафъи мушкилиҳои дар ин самт ҷойдошта мусоидат хоҳад кард.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа



