Машқҳои пагоҳирӯзӣ дар толори барҳавои ДДҲБСТ
Бо мақсади таҳкими тарзи ҳаёти солим, оммавигардонии варзиш, рушди бемайлони варзиш, ҷалби ҷавонону наврасон ба варзиш ва пешгирии онҳо аз амалҳои номатлуб субҳи имрӯз дар маҷмааи зебову замонавии варзишии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон машқҳои пагоҳирӯзӣ ва солимгардонӣ ташкил ва баргузор гардид. Дар ин чорабинии варзишӣ устодону донишҷӯёни донишгоҳ иштироки фаъол намуда, барои солимӣ ва обутоби бадан ба навъҳои гуногуни варзиш машғул шуданд.
Машғул гардидан ба варзиш инсонро тавонманд гардонида, шахсро рӯҳану ҷисман обутобёфта мегардонад. Мутахассион бар он назаранд, ки варзишгарон ба бемориву маризиҳои гуногун кам гирифтор мешавад. Машғул шудан ба варзишро роҳи беҳтарини нигаҳдории саломатӣ аз ҳаргуна бемориҳо унвон менамоянд. Бо назардошти ин ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки минбаъд низ ин қабил машқу тамринҳои пагоҳирӯзиро бо ҷалби васеи устодону донишҷӯён ба роҳ монад.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа





