Озмуни «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст» дар факултети баҳисобгирӣ ва андоз
Баргузории даври факултетии озмуни «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст» дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон идома дорад. Ин навбат озмуни мазкур устодону донишҷӯёни факултетии биҳисобгирӣ ва андозро сарҷамъ намуд. Дар озмун аксаран донишҷӯён иштирок карда, донишу маҳорати онҳо аз рӯйи номинатсияҳои адабиёти классикӣ, адабиёти муосир, адабиёти бачагона, адабиёти ҷаҳон ва қироат намудани порчаҳои назмӣ санҷида шуданд.
Мавриди зикр аст, ки озмуни “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст” ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷўёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва шаҳрвандони кишвар роҳандозӣ гардида, ҳадафи аслии он баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ мебошад.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа




