Баргузории чорабиниҳои мухталиф дар доираи кафедраи муносибатҳои байналхалқӣ (дипломатия)

Дар доираи баргузории ҳафтаи  кафедраи  муносибатҳои байналхалқӣ дар факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ   намоиши китобҳои тахассусии кафедра, муаллифони ватанӣ ва хориҷӣ доир гардид. Устодону донишҷӯён аз ҷараёни  баргузории намоиши китобҳои тахассусӣ дидан карда, бо мазмуну муҳтаво ва муаллифони он аз наздик шинос гардиданд. Мавриди зикр аст, ки  дар доираи ҳафтаи кафедраи мазкур ҳамчунин чандин вохӯриву мулоқот ва чорабиниҳои тарбиявӣ аз қабили намоиши дастовардҳои эҷодии донишҷӯёни кафедраи муносибатҳои байналхалқӣ, озмуни иншои беҳтарин таҳти унвони “Дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлолият”, маҳфили “Дипломатҳои ҷавон” ва ғайра гузаронида шуд, ки дар он донишҷӯёну устодони кафедра фаъолона иштирок намуданд.

Ҳамчунин дар ин замина вохӯрии донишҷӯён бо директорони донишкадаи Конфусия профессор Розиқов З.А. ва Жен Гель Цянь ва омӯзгори забони чинӣ Менг Сен Кай доир гардид.

Дар доираи кафедраи мазкур баргузории мулоқоту мизҳои муқдаввар ва дигар чорабиниҳои илмиву таълимӣ ва тарбиявӣ дар назар аст.

Шуъбаи таҳлил ва робита ҷомеа

 

You might also like