ДДҲБСТ: Масъалаҳои ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи  барномаҳо ва технологияҳои нави таҳсилот

Рӯзи гузашта, санаи 23 апрели соли 2020 дар толори шӯрои олимони Дониишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон  бо иштироки шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ, намояндагони  раёсати илм ва рушди инноватсия, раёсати таълим ва намояндагони Донишгоҳи энергетика ва комуникатсияи Алмаато (Ҷумҳурии Қазоқистон)  веб конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид. Конференсияи байналмилалӣ “Масъалаҳои ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи  (ҷодаи) барномаҳо ва технологияҳои нави таҳсилот” унвон дошт.

Конференсияро модератор-мудири кафедраи менеҷмент ва идоракунии Донишгоҳи энергетика ва комуникатсияи Алмаато дотсент Соликова Мадина Соликовна ифтитоҳ намуда, суханро ба муовини ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Бобоҷонов Даврон Дадоҷонович вогузор намуд. Бобоҷонов Д.Д. иштирокчиёни веӣ конференсияи байналмилалиро бо таърих ва дастовардҳои ДДҲБСТ дар давраҳои Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос намуда, иштирокчиёнро барои пурзӯр намудани ҳамкориҳо байни донишгоҳҳо дар раванди истифодаи барномаҳо ва технологияҳои нав дар таҳсилот даъват кард.

Баргузории ин қабил онлайн-вебенар ва веб  конференсияҳо дар донишгоҳ ба ҳукми анъана даромада он имконият медиҳад, ки ҳамкориҳои донишгоҳ бо муассисаҳои таҳсилоти касбии олии мамлакатҳои хориҷӣ беш аз пеш тақвият ёфта,  ба фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ қадамҳои устувор гузорад.

Шуъбаи таҳлил ва робитап бо ҷомеа

You might also like