Идомаи конференсияи «Рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар низоми ташаккулёбии иқтисодиёти рақамӣ» дар бахшҳо

Конференсияи илмию амалии «Рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар низоми ташаккулёбии иқтисодиёти рақамӣ», ки дирӯз дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оғоз гардид, имрӯз дар бахшҳои алоҳида идома кард.

Дар 28 бахши конференсияи назди кафедраҳо устодон доир ба нaқши Кoнститутсияи Ҷумҳурии Тoҷикистoн дaр тaшaккули ҷoмеaи шaҳрвaндӣ, таносуби мафҳумҳои “озодии виҷдон” ва “озодии эътиқоди динӣ, асосҳои ҳуқуқи  фаъолияти иқтисодӣ ва рушди он дар заминаи ташаккули иқтисодиёти рақамӣ, сохтори мақомоти гумруки Тоҷикистон  дар даврони соҳибистиқлолӣ, ҳадафҳои стратегии миллии Тоҷикистон дар Паёми Пешвои миллат: масъалаҳои татбиқи он, ҳуқуқи муҳоҷиратӣ: назария ва амалияи омўзиши он дар замони муосир, иқтисодиёти рақамӣ – замина дар пешрафти ҷомеа ва рушди соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ, анъанаҳои ҳунармандӣ ҳамчун омили тарбияи ҷавонон, нақши технологияи инноватсионӣ дар баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, Тоҷикистон –  кишвари сайёҳӣ, иқтидори  энергетикӣ дар Тоҷикистон ва густариши ҳамкориҳо бо давлатҳои минтақа, Пешвои миллат – эҳёкунандаи ҷашнҳои миллии тоҷикон, ҳифзи амнияти иттилоотӣ – самти муҳими таъмини амнияти миллӣ, мақоми донишҳои математикӣ дар низоми тайёрии касбии мутахассиси оянда дар шароити муосир, муаммо ва дурнамои  рушди  сармоягузорӣ дар минтақаи вилояти Суғд ва ғайраҳо маърӯзаҳо ироа намуданд.

Мавзӯҳои ироагардида фарогири ҷанбаҳои мухталифи соҳаҳои хоҷагии халқ буда, барои дар амал тадбиқ намудани илм ба истеҳсолот заминаи мусоид фароҳам меоварад. Конференсияи мазкур  пагоҳ санаи 24 апрел низ идома карда, маърӯзаҳои илмии донишҷӯёну магистрантон ва олимони ҷавон дар мавзӯҳои мухталиф баррасӣ мегарданд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

You might also like