Конференсияи илмию амалӣ таҳти унвони «Рушди фанҳои табиатшиносӣ,  дақиқ ва риёзӣ дар низоми ташаккулёбии иқтисодиёти рақамӣ» дар ДДҲБСТ

Имрӯз,  санаи 22 апрели соли 2020 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бахшида ба истиқболи 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рўзи илми тоҷик ва ҳафтаи илм дар донишгоҳ конференсияи анъанавии илмию амалии олимону профессорон ва муҳаққиқони  ҷавон  таҳти унвони «Рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар низоми ташаккулёбии иқтисодиёти рақамӣ», доир гардид.

Ҷаласаи пленарии конференсияро ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода ифтитоҳ намуда, афзуд, ки  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо зиёиён, донишмандон ва  аҳли маорифи кишвар бо мақсади  пешрафти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат, бахусус, илму техника, тақвияти тафаккури техникии аҳолӣ, дар навбати аввал ҷавонон, технологияҳои муосири таълимиву инноватсионӣ, робитаи ногусастании илм бо истеҳсолот, тарбияи мутахассисони дорои сатҳи баланди касбӣ ва ватандӯсту худогоҳ, мутобиқгардонии сифати таҳсилот ба меъёрҳои байналмилалӣ ва ворид шудан ба фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ дастурҳои мушаххас доданд, ки имрўз аз ҳар як нафар шаҳрванди ватанпарвару ватандўст, махсусан аҳли зиё, олимону устодон, омўзгорон, бахусус ҷавонон бобати  таҳкими ҷанбаҳои давлатдории миллӣ, рушди босуботи кишвар масъулияти баландро тақозо менамояд. Дар робита ба таъкиди Сарвари давлат баргузории ҳамоиши имрўза  тадбирҳои амалӣ дар роҳи пешрафти илмҳои бунёдӣ ва техникиву технологӣ,  фароҳам овардани фазои мусоид маҳсуб меёбад.

Сипас, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд номаи табрикотии Раиси вилоятро бахшида ба Рўзи илми тоҷик ироа намуд. Дар идома аз ҷониби олимону устодон перомуни  дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ ва таъмини амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  саҳми Пешвои миллат дар рушди илм ва инноватсия, истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ, мавқеи фанҳои дақиқ ва риёзӣ дар тайёр намудани мутахассисони касбӣ,  масоили иқтисодиёти рақамӣ дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши саноат дар рушди иқтисодиёти вилояти Суғд гузоришоти илмӣ пешниҳод гардида, мавриди баррасӣ қарор доштанд. Атрофи мавзўъҳои баррасишуда музокира ва суолу ҷавоб сурат гирифтанд.

Дар бахши дуюми конференсия бо қарорҳои Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ду  нафар устодони донишгоҳ, ки сазовори унвонҳои илмии профессор ва дотсент гардиданд, диплом тақдим карда шуд. Инчунин, бо қарори Комиссияи олии аттестатсионии назди Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Русия ба як нафар, бо қарорҳои Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба се нафар устодони донишгоҳ дипломи дараҷаи унвони номзади илм супорида шуд.

Ҳамчунин, барои хизматҳои бенуқсон дар соҳаи маориф ва саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли созанда 1 нафар бо нишони Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон, 15 нафар омўзгорону кормандон бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.

Конференсияи илмию амалии «Рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар низоми ташаккулёбии иқтисодиёти рақамӣ»  то санаи 25 апрел дар бахшҳои алоҳида идома хоҳад кард. Дар назар аст, ки дар 28 бахш беш аз 630 мақола мавриди таҳқиқу баррасӣ  қарор дода мешавад.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like