Донишҷӯён соҳиби вазифаҳои муваққатӣ гардиданд
Шуруъ аз санаи 13 апрели соли 2020 дар сатҳи донишгоҳ “Ҳафтаи иштироки донишҷӯён дар идоракунии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон” дар ду давр ташкил ва баргузор карда шуд. Даври аввал аз санаи 13 то 18 апрел дар сатҳи факудтетҳо баргузори гардида, даври дуюм аз сани 20 оғоз гардид, ки то 25 апрел дар раёсат ва сохторҳои донишгоҳ ҷараён мегирад.
Дар оғози даври дуюми ҳафтаи худидоракунӣ донишҷӯёни фаъоли донишгоҳ соҳиби вазифаи муваққатӣ гардида, корбарии онҳо бар бахшу шуъбаҳо ҷараён дорад. Чорабинии мазкур бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маҳорату малакаи корбариии донишҷӯғён дар самти иҷрои вазифаҳои масъул, тарбияи кадрҳои болаёқати роҳбарӣ ва ҷалби ҳарчи бештари ҷавонон ба низоми идоракунӣ роҳандозӣ гардидааст.
Зимни “Ҳафтаи иштироки донишҷӯён дар идоракунии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон” донишҷӯёни масъули вазифаҳои мухталиф чорабиниҳои тарбиявиву беруназсинфӣ, семинару мизҳои мудаввар ташкилу баргузор намуда истодаанд.
Шуъбаи таҳҳлил ва робита бо ҷомеа








