Баргузории даҳаи синфҳои ибтидоӣ дар литсейи ДДҲБСТ
Дар литсейи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон шурӯъ аз санаи 6 то 16 апрел даҳаи синфҳои ибтидоӣ ташкил ва гузаронида шуд. Дар доираи даҳаи мазкур байни хонандагон озмуну чорабиниҳои мухталиф доир гардиданд. Ҳамчунин байни синфҳои 1-4 озмунҳои “Хаттоти беҳтарин”, “Китобхони беҳтарин”, “Расми беҳтарин” ва дигар озмунҳо гузаронида шуд. Дар баробари ин чорабиниҳои тарбиявӣ доир гардиданд, ки дар ҷараёни он намояндагони шуъбаи маориф шаҳри Хуҷанд ва раёсати донишгоҳ иштирок намуданд.
Дирӯз бо баргузор намудани як чорабинӣ даҳаи синфҳои ибтидоӣ дар литсейи донишгоҳ ҷамъбаст карда шуда, ғолибони озмунҳо қадршиносӣ гардиданд.
Баргузории озмунҳои мазкур бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши хонандагон, бедор кардани завқи китобхонӣ, парвариши ҳисси ватандӯстию зебоипарастӣ дар ниҳоди онҳо роҳандозӣ гардидаанд.
Ёдовар мешавем, ки имрӯз дар литсейи донишгоҳ 20 нафар омӯзгорони соҳибихтисос ба 328 нафар хонандагон дарс мегӯянд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа







