Иштироки донишҷӯён дар озмунҳо
Ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба доир намудани Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» дар факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон озмуни мазкур доир гардид. Ҳайъати ҳакамон иборат аз муовини ректор оид ба илм ва инноватсия профессор Тӯрақул Ризоқулов ва садорати факултет интихоб гардида буданд.
Донишҷӯён аз рӯйи шартҳои аз ёд хондани осори адибон, асарҳои назмӣ ва насрии адибони классикӣ ва муосири тоҷик, намунаҳои ашъори бачагона ва афсона, намунаҳои осори адибони ҷаҳон мутолиа ва шарҳи асарҳои насрии адибони муосири тоҷик ва хориҷӣ бо ҳам қувваозмоӣ намуданд.
Ҳадаф аз баргузории озмуни мазкур баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъолгардонии доираи забондонӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла, хонандагону донишҷўёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот, инчунин магистрҳо, аспирантон, докторантон ва шаҳрвандони мамлакат маҳсуб мешавад.
Ҳамчунин дар ин рӯз донишҷӯён дар озмуни “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”низ иштирок намуда, донишу маҳорат ва малакаи хешро нишон доданд.
Ҳаъати ҳакамон бо назардошти шартҳои озмун ғолибонро муайян карданд, ки онҳо метавонанд дар даври донишгоҳӣ ширкат варзанд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа












