Натиҷаи озмуни «Беҳтарин роҳбари таҷрибаомӯзӣ ва «Гурӯҳи беҳтарини таҷрибаомӯзон»
Ҷиҳати баланд бардоштани маҳорати касбии мутахассисон, ҳавасмандгардонӣ, такмили дониш, дарёфти роҳбарони беҳтарини таҷрибаомӯзмии донишҷӯён дар донишгоҳ, ҳамкории онҳо бо ташкилоту муассисаҳо, ҳавасманд намудани донишҷӯён ба касби интихобгардида, мустаҳкам намудани донишҳои назариявӣ ба амалӣ, бо ташаббуси раёсати таълими донишгоҳ озмуни «Беҳтарин роҳбари таҷрибаомӯзӣ ва «Гурӯҳи беҳтарини таҷрибаомӯзон» доир карда шуд.
Дар даври якум тибқи талаботи Низомномаи озмун сатҳи дониши роҳбарони таҷрибаомӯзӣ ва донишҷӯён тариқи тестӣ дар алоҳидагӣ санҷида шуд.
Дар даври дуюми озмун маводи таълимию методӣ, пажӯҳишоти илмӣ ва дигар дастовард аз ҷониби роҳбарони таҷрибаомӯзӣ ба намоиш гузошта шуд. Пас аз таҷрибаи кории худро муаррифӣ намудан, ҳайати ҳакмон фаъолияти роҳбаронро аз рӯи шартҳои ҳамкорӣ бо ташкилоту муассисаҳо, натиҷаи ҳимояи ҳисоботи таҷрибаомӯзон дар донишгоҳ ва макони таҷрибаомӯзӣ, навгониҳои илмию амалии соҳа, истифодаи технологияҳои муосир, дастовард, маҳорати таҳлил ва паҳн кардан, нишон дода тавонистани натиҷаҳои ҷараёни таҷрибаомӯзӣ, иҷрои барнома баҳогузорӣ карданд.
Фаъолияти донишҷӯён аз рӯи иҷрои супоришҳо, сатҳи қобилияти касбӣ, таҷрибаҳои аввалин дар истеҳсолот, иҷрои талаботи барномаи таҷрибаомӯзӣ, сатҳи дониши сиёсӣ баҳогузорӣ гардид.
Дар натиҷа, гурӯҳи «Бонкирони ҷавон» (роҳбар: Муаззама Каримова), сазовори ҷойи якум гардида, гурӯҳҳои «Навовар» (роҳбар: Марҳабо Қосимова) ҷойи дуюм ва «Сипари адолат» (роҳбар: Мадина Абдуллоева) ҷойи сеюмро ишғол намуданд. Ғолибон бо мукофоти пулӣ ва сипосномаи раёсати донишгоҳ қадрдонӣ мешавад.
Баргузории озмуни мазкур ба омода намудани кадрҳои баландихтисос, таълиму тарбияи донишҷӯёни фаъолу пешқадам, тарғиб ва паҳн кардани таҷрибаи пешқадами роҳбарони таҷрибаомӯзӣ заминаи воқеӣ мегузорад.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа