Мавқеи зан дар ҷомеаи муосир

 

Таҳти ин унвон дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон чорабинии тарбиявии донишгоҳӣ баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо ташаббуси факултетҳои инноватсия ва телекоммуникатсия ва бизнес ва идоракунӣ доир гардида, дар он аз идораву мақомотҳои мухталиф намояндагон иштирок намуданд. Дар оғози чорабинии тарбиявӣ зикр шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  азму ирода ва масъулиятшиносии занонро ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа арзёбӣ карда, дастур додаанд, ки онҳо бештар ба корҳои таълимӣ ва роҳбарӣ ҷалб карда шаванд.

Дар идома мудири бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Ашт Назира  Муртазо  баромад намуда, дар мавриди мавқеи зан дар ҷомеа, дастгириву таваҷҷӯҳи давлату ҳукумат нисбати занон изҳори назар кард. Иброз шуд, ки дар баробари ин занону бонувони мамлакатро зарур аст дар тамоми сохаҳои хоҷагии халқ фаъолияти назаррас намуда, саҳмашонро дар рушду нумӯи кишвар гузоранд.

Дар идома ҳамчунин чанде аз занону бонувони барӯманд, ки таҷрибаи кору зиндагии бештар доранд ба иштирокчиён маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуданд. Дар интиҳо қайд гардид, ки ин қабил мулоқоту вохӯриҳо минбаъд низ доир карда мешаванд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like