Баргузории онлайн-дарс дар ДДҲБСТ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо аҳли зиё (санаи 18. 03.2020) иброз намуданд, ки илми тоҷик дар радифи рушди илми ҷаҳонӣ қарор гирифта, бояд олимони ҷавон техника ва технологияи инноватсиониро дар доираи сатҳи илмиву таҳқиқотӣ фарогиранда омӯзанд ва ба кор баранд.
Дар заминаи ин дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо роҳбарии ректори донишгоҳ Муъмин Шарифзода ва ҳамзамон бо ташабусси раёсати таълим силсила машғулитҳо бо тарзи он-лайн бо истифодаи технологияи муосир дар байни омӯзгорон гузаронида шуда истодааст. Оғози чунин машғулият аз тарафи муовини ректор оид ба таълим Ҳаким Ғаюров ба роҳ монда шуда, баъдан омӯзгорон – ассисент Бобозода А. аз фанни технологияи информатсионӣ, сармуаллим Баҳовуддинов Ҷ. аз фанни барномарезӣ, дотсент Тухтаев Т. аз фанни молия ва дигарон бо навбат машғулиятҳоро бо тарзи онлайн-дарс тариқи шабакаи Интернет ба роҳ монданд, ки дар он донишҷӯён фаъолона ширкат варзиданд.
Баргузории дарсҳои онлайнӣ имконият медиҳад, ки донишҷӯён аз донишҳои муосир бархурдор гардида, техникаву таҷҳизотҳои муосири таълимиро дар сатҳи зарурӣ истифода ва корбурд намоянд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа



